Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Иди Саиди Қурбон дар оромгоҳҳи №2 ва Хоҷағоиби шаҳри Кӯлоб шанбегӣ баргузор гардид. Дар шанбегии мазкур кормандони оромгоҳ ва корхонаҳои коммуналии шаҳр сарҷамъонаву якдилона ба ҳашар баромада, оромгоҳҳорро тозаву озода намуданд.
Сарҷамъӣ ва иштироки мардум дар ҳашари мазкур давоми иқдомҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аст.
Бо боварӣ гуфта метавонем, ки мардуми масъулиятшинос ва меҳнатқарини шаҳри Кӯлоб дар корҳои ободониву тозагӣ ҳаргиз худро бетараф намегузоранд.
Ҳадаф аз гузаронидани ин чорабинӣ арҷ гузоштан ба гузаштагон ва пос доштани хотироти онҳо мебошад.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб