Табрикоти раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдиёрони азиз,
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳамаи Шуморо ба фарорасии рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, боварӣ дорем, ки дар ҳамбастагӣ амну суботи қавӣ ва ҳаёти осоиштаи абадии мамлакатро таъмин менамоем.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, «… ягон давлат бе Артиши миллии муқтадир пойдор нест». Воқеан ҳам, Артиши миллӣ нишон аз пойдории давлату миллат аст. Аз ин ҷост, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон, таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ, бахусус Артиши миллӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёфт. Бинобар ин сарфи назар аз вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ, Тоҷикистон таҳти сарварии роҳбари хирадманди худ Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи холӣ, аз сифр ба таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи худ шуруъ намуд. Бори дигар таъкид мекунам, ки дар фарқият аз дигар ҷумҳуриҳое, ки дар натиҷаи пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ, мустақил шуданд, кишвари мо барои бунёди Артиш ягон заминаи моддию техникӣ надошт. Вале Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодию молиявӣ таъсиси Қувваҳои мусаллаҳро пешаи худ қарор дод ва дар як муддати кутоҳ дар ин ҷода ба мувафақиятҳои зиёд соҳиб гардид. Кадрҳои баландихтисоси низомӣ омода карда шуданд, ҷузъу томҳои махсус таъсис ва бо техникаву таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гаштанд, таҷдиду азнавсозии инфрасохтор бо суръати баланд роҳандозӣ гардид. Тадбирҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои зарурӣ ба бор оварданд ва Артиши миллӣ бо азму иродаи қавӣ ҳама мушкилиҳоро бартараф карда, марҳила ба марҳила устувор шуд ва давра ба давра шакл гирифта ба як неруи пурқудрат табдил ёфт. Ҳоло бо шарофати заҳмату кӯшишҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ дар ҳоли рушд қарор дошта, ҳамчун нерӯи обутобёфта, ҷангдида ва бошуҷоату Ватандӯст яке аз муқаддасоти миллӣ ва рукни муҳими давлатдорӣ мебошад. Мувофиқи баҳогузории коршиносони ҷаҳонию минтақавии соҳа, Артиши миллии Тоҷикистон бинобар сабаби ҷангдида ва корозмуда будан, аз қудратмандтарин Қувваҳои мусаллаҳи минтақа ба ҳисоб меравад. Дар ин росто, набояд фаромӯш сохт, ки хизмат дар сафи чунин Артиш бояд мақсаду маром, ифтихор ва шарафи ҳар як ҷавони бо нангу номуси Ватан бошад.
Бо истифода аз фурсати муносиб зарур медонам ёдрас шавам, ки мутобиқи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст». Моро дар пеш маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ интизор мебошад. Бинобар ин, дар чунин рӯзи ба ҷавонони Кӯлобшаҳри бостонӣ муроҷиат карда, даъват ба амал меорам, ки барои иҷрои қарзи фарзандӣ дар назди Ватан-Модар омодагӣ бигиранд. Дар хотир дошта бошанд, ки тибқи фармудаи Пешвои муаззами миллат «Барои насли ҷавон хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд». Муҳофизати хоки поки Ватан бошад қарзи имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди соҳибхирад ва баору номус аст.
Бо маврид аст хотирасон кунам мо нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавононро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ бинобар сабаби он, ки ҷавононамон ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ зоҳир намуданд, дар як муддати кутоҳ иҷро кардем. Боварӣ ва умед дорем, ки нақшаи даъвати баҳорӣ боз ҳам тезтар таъмин мегардад.
Муборак бод, ҷашни нурборат, Артиши миллӣ,
Муборак бод, авҷи ифтихорат, Артиши миллӣ.
Ба миллат, бо Ватан, бо амри Сарфармондеҳи Олӣ,
Муборак бод, аҳди устуворат, Артиши миллӣ.
Бигузор Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам қавитар бошанду осмони кишвари биҳиштосоямон софу беғубор монад ва мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар баранд.
Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар муборак бошад!
ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВИЮ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар шањри Кўлоб бахшида ба рӯзи таъсисёбиии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои тантанавию фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ, ки дар қисми низомии 13483-и шаҳри Кӯлоб баргузор шуд, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар меҳмонони расмӣ иштирок намуданд.
Нахуст, ҳайати меҳмонон аз намоиши техника ва таҷҳизоти ҳарбӣ дидан намуда, дар айни замон модарон зимни аёдати сарбозор ба фарзандони худ нону шириниҳои овардаашонро тақдим карданд.
Сипас, маросими тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ бо сухани ифтитоҳии раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр оғоз гардида, мавсуф афсарону сарбозон ва кулли сокинонро ба ин санаи фархунда аз номи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталї Саид ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб табрик намуд. Дар ин рӯзи фархунда барояшон саломатӣ, хушбахтӣ ва хизмати содиқонаву софдилонаро таманно карда шуд.
Зимни суханронии раиси шаҳри Кӯлоб ва дигар иштирокчиёни чорабинӣ қайд гардид, ки ба вуҷуд овардани Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии соҳибистиқлол, сарфи назар аз ҳама мушкилоти давр, яке аз аввалин қадамҳои Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Пешвои хирадсолори мардуми Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Зеро чуноне, ки Пешвои муаззами миллат таъкид кардаанд: “Ягон давлат бе артиши миллии муқтадир ва муҷаҳҳаз пойдор нест. Чунин артиш сипари мамлакат, кафили амният ва зиндагии осоиштаи мардум маҳсуб мешавад”.
Пас аз суханрониҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сарбозону афсарони қисми ҳарбии воқеъ дар шаҳри Кӯлоб Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд. Аз ҷумлаи ин туҳфаҳо тақдими китобҳо ба сарбозон буд, ки нахустин нусхаашро раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр бо соядасти хотиравии худ ба сардори бригадаи низомӣ њадя кард.
Дар идома намоиши машқҳо ва амалиёти низомӣ манзури ҳозирин гардонида шуда, дар охири қисмати тантанавӣ гузашти низомии сарбозон сурат гирифт. Дар воқеъ, намоишномаи пешниҳоднамудаи сарбозон ва тартиби гузашти низомӣ аз ҷасорату чолокии ҳомиёни Ватан гувоҳӣ дода, бозгӯи омодагии ҳамаҷонибаи қисмҳои ҳарбии кишварамон ҷиҳати ҳифзи марзу буми Ватан мебошад.
Дар қисмати дигари чорабинӣ аҳли фарҳанги шаҳри Кӯлоб барномаи театрикунонидашудаи худро пешкаши меҳмонону хизматчиёни ҳарбӣ намуданд.
Пас аз анҷоми қисмати тантанвӣ ва фарҳангии чорабинӣ раиси шаҳри Кӯлоб ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз шароити буду бош ва ошхонаи сарбозон боздид ба амал оварданд.
Бахши бойгонї-матбуотии МИЊД-и шањри Кўлоб
МАҶЛИСИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲРИ КӮЛОБ
Санаи 17 феврали соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб маҷлиси назоратии назди раиси шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.
Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр дар рафти маҷлиси назоратӣ вобаста ба иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва нақшаҳои соҳавии тарҳрезишуда аз масъулин пурсиш ба амал оварданд.
Дар идома ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва иҷрои вазифаҳои нав ба роҳбарону ташкилоту муасисаҳо дастуру супоришҳо дода шуд.
Махсусан, дар самти иҷрои нақшаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Модар, ҷашни байналмилалии Наврӯз ва дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ пеш аз муҳлат иҷро намудани нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ таъкидҳо карда шуд.
Бо дастури президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар намудани таъминоти оби нушокӣ ба сокинони шаҳри Кӯлоб “Лоиҳаи обтаъминкуни ва корезии шаҳри Кӯлоб” таҳия гардида буд, ки то моҳи декабри соли 2025 амалӣ карда мешавад. Айни замон дар ин самт корҳо идома дошта ширкатҳои сохтмони ба бунёди обанборҳои калонҳаҷм, кашидани хатҳои нави оби нӯшокӣ машғул мебошанд. Бо мақсади огоҳи аз амалишавии лоиҳа раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр роҳбарони ширкатҳои сохтмониро ба ҳузур пазируфта, аз рафти корҳои сохтмонӣ пурсон шуданд. Раиси шаҳр иброз доштанд, ки барои вусъати корҳои сохтмонӣ ва босифат анҷом додани он ба ширкатҳои сохтмонӣ кӯмак мерасонанд ва мебояд корҳо сари вақт ва дар муҳлати муъаянгарида анҷом дода шаванд.
Қайд карда шуд, ки барои анҷоми лоиҳа шаш ширкати сохтмони ватанӣ ҶДММ “Назри-И”, “Сабо ширкат” “Ифтихор ва ширкат” , “Асил сохтмон” ,“Муҳаммадшариф” ва ҶДММ “Хуршеди хоразм” фаъолият доранд. Ба иттилои корманди гурӯҳи татбиқи лоиҳаМиралӣ Шарифзода то имрӯз аз ҷониби пудратчиён 75 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст ва то 25 декабри соли 2025 лоиҳа пурра амали карда мешавад. Баъди амалӣ гардидани лоиҳа таъминоти оби нӯшокӣ ба сокинони шаҳри Кӯлоб беҳтар хоҳад шуд.