Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи кории назди раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр оид ба омодагиҳо барои даъвати навбатии ҷавонон ба сафи артиши миллӣ доир гардид.
Дар кори ҷаласа муовини аввал, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои таълимию тиббӣ, раисони ҷамоатҳо, имомхатибон, раисони кумитаҳои маҳал ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Сараввал, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр оид ба иҷроиши андоз, пардохти барқ, иҷрои нақшаи обуна ба нашрияҳои даврӣ, нашъунамои пахта, кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ, вусъат бахшидани ҷойҳои нави корӣ, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва дигар масоили мавҷуда натиҷагирӣ намуданд.
Сипас, роҷеъ ба ҷалби ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбии мамлакат сол то сол хубтару беҳтар гардида, ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошанд. Ҳамчунин тазаккур доданд, ки масъулони тамоми корхонаю ташкилотро зарур аст, пеш аз ҳама корҳои тарғиботиву ташвиқотиро миёни ҷомеа бештар намоянд. Ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ ва хештаншиносиро дар ботини ҷавонон бояд бедор кард. Танҳо бо ин васила метавон шумораи ихтиёриёнро зиёд намуд.
Ҳамчунин роҳбарияти шаҳр фаъолияти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллиро муҳокима намуда, аз шахсони масъул камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаро пурсон шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
 
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP