Санаи 4 августи соли 2025 дар толори мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи назди раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо, бахшҳои дастгоҳи раис, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, муассисаҳои тандурустии шаҳр ва дигар фаъолон иштирок доштанд.
Дар ҷаласаи зикргардида масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуданд:
1. Оид ба иҷрои дастуру супоришҳои протоколии маҷлиси назди раиси шаҳр аз 28.07.2025.
2. Оид ба омодагӣ ба соли нави таҳсили 2025-2026 дар Муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб
3. Омодагӣ ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4. Масъалаҳои ҷорӣ.
Сараввал, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷаласаро ифтитоҳ намуда, изҳор доштанд, ки баҳри амалигардиии дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корбарию коргузориро боз ҳам ҷоннок созем, то ба рушду пешрафт ноил шавем.
Сипас, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб Қурбонзода Наргис оид ба иҷрои дастуру супоришҳои протоколии маҷлиси назди раиси шаҳр аз 28.07.2025. маълумот баён намуданд.
Вобаста ба омодагӣ ба соли нави таҳсили 2025-2026 мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Иззатуллоев Идимад ба сухан баромада, иброз доштанд, ки дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб 78-муассисаи таълимиву тарбиявӣ ва 13 муассисаи томактабӣ фаъолият менамоянд. Айни замон омодагӣ ба соли таҳсили 2025-2026 дар ҳамаи муассисаҳо бомаром идома дошта, таъмири дохилии аксарияти муассисаҳо ба анҷом расидааст. Дар моҳи август таъмири намуди зоҳирии муассисаҳо ба нақша гирифта шудааст. Дар ин баробар ҳамаи муассисаҳо омодагӣ ба давраи зимистони солҳои 2025-2026-ро дар мадди аввал қарор дода, ангишт ва ҳезум захира намуда истодаанд.
Раиси комиссияи даъватии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатҷон Ғаффорзода оид ба омодагӣ ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда иброз доштанд, тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб корҳои ташвиқоту тарғиботӣ миёни сокинон бомаром идома дорад.
Ҳамчунин роҳбарияти шаҳр фаъолияти ҳамаи соҳаҳои рушди иҷтимоию иқтисодиро муҳокима намуда, аз шахсони масъул камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаро пурсон шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо дастуру супориш ва тавсияҳои мушаххас доданд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб