Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтан аз ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷроиши супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр таҳти нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб аксияи умумишаҳри таҳти унвони "Тозагӣ гарави саломатист" дар шаҳру деҳоти Кӯлоб баргузор гардид. Инчунин аз ҷониби масъулин ҷиҳати ободу зебо гардонидани табиат, дар шаҳр дарахтони ҳамешасбз шинонида шуданд.
Ҳамзамон, кормандони ташкилоту муассисаҳо барои саҳмгузорӣ дар корҳои ободонии шаҳр, аз қабили тоза намудани ҷуйборҳо, сафед намудани дарахтон, тоза намудани дарахтон, нарм кардани заминҳо ва шинонидани гулу буттаҳои мавсимӣ сафарбар гардида, корҳои муайянеро анҷом доданд.
Бояд қайд намуд, ки чунин ҳашарҳои дастаҷамъона тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб мунтазам гузаронида мешавад.
 
                                                                                                             Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP