Санаи 2 декабри соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр ва бо иштироки муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб, инчунин мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдори дастгоҳи раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳр баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва Прокуратураи шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғоз раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр изҳор доштанд, тавре, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, "Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад."
Воқеан, дар замони муосир дар баробари хатарҳои мавҷуда ба рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа коррупсия низ ҳамчун яке аз зуҳуроти хавфнок ва харобиовар барои ҷомеа маҳсуб мешавад. Мавҷудият ва рушди омилҳои коррупсионӣ дар ҷомеа оқибат ба авҷи нобаробарии иҷтимоӣ оварда расонида, ба амнияти миллӣ таҳдид мекунад.Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Чунончӣ, Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2021 таъкид доштанд: “Барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шаванд.
Дар идома намояндаи Агентии давлатии молиявии мубориза бо коррупсия дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб оид ба рафти иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва раванди татбиқи он андешаҳои худро иброз намуд. Зимни баромадашон таъкид доштанд, ки фаъолияти субъектҳои муқовимат ба коррупсия дар самти пешгирӣ, ошкор кардан, кушодан, таҳқиқу тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ба ҷавобгарӣ кашидани субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, бартараф намудани сабабу шароитҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ва оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ; ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд – ҳуқуқвайронкуниҳои бо Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинишудае, ки барои коррупсия шароит ба вуҷуд оварда, аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд содир шуда, боиси ҷавобгарии бо қонунгузорӣ муқарраршудаи интизомӣ, маъмурӣ, гражданӣ ва ҷиноятӣ мегарданд; хешовандон – зан, шавҳар, фарзанд, падару модар, бародар, хоҳар, инчунин падару модар, бародар, хоҳар ва фарзандони зан ё шавҳар, амак, тағо, хола, амма, қудо, келин, домод, бародарзода, хоҳарзода, фарзандхондшудагон, инчунин шахси дигаре, ки бо шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ мебаранд таъкид намуданд.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар идома изҳор намуданд, ки бояд ҳар як шаҳрванд новобаста дар кадом соҳа фаъолият менамояд бояд содиқонаву софдилона хизмат намуда, иҷроиши Стратегияи мазкурро таъмин намояд. Инчунин изҳор гардид, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми баромадҳояшон дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқ гуфта мегузаранд, аз ҷумла дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ истиқбол намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронидани вохӯриҳои судманд бо аҳолӣ, истифодаи самараноки замин, рушди корхонаҳои саноатӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, сохта ба истифода додани корхонаҳои саноатӣ, ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занон ва ҷавонони донишманд дар ҳама самтҳо, роҳ надодан ба бегонапарастӣ, эҳтиром гузоштан ба омӯзгорон ва арзишҳои миллӣ, кӯмак намудан ба шахсони яккаву танҳо, иҷроиши Барномаҳои давлатӣ, омодагии тамоми ташкилоту муассисаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 ва ҷоннок намудани корҳои созандагиву бунёдкорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки ҳар як дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро муваззаф мегардонад, ки рисолати худро дар назди ҷомеа содиқонаву софдилона анҷом диҳем. Он ҳама вазифаҳое, ки дар назди мову Шумо гузошта шудааст, бояд бо як масъулияти баланди ватандӯстӣ иҷро намоем ва дар он ҳолат метавонем худро ҳамчун соҳибватан муаррифӣ намоем. Мо бояд дар мадди аввал шукрона намоем, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар зери таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони биҳиштосоямон, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб сол то сол рушд карда истодааст, ки ин аз фазои сулҳу оромии кишвар гувоҳӣ медиҳад.
Инчунин, изҳор гардид, ки ҷиҳати амалӣ гардидани супоришҳои Пешвои муаззаму хирадсолори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳар яки мо масъулинро мебояд фаъолияти минбаъдаи кориамонро дигар намуда, дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқ корбариро ҷоннок намоем ва ҷиҳати ислоҳи он камбудиҳои ҷойдошта чораҳои дахлдор андешем.
Дар интиҳои ҷаласа, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аз ҳар як роҳбари ташкилоту муассисаҳо фаъолияти пурсамар, хизмати софдилона, иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо ва ҷиҳати саривақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дастурҳои қатъӣ доданд.
 
                                                                                                        Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP