Ёдовар мешавем, ки бо мақсади рушди соҳаи саноати шаҳр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.12.2014, №809 дар шаҳри Кӯлоб бо қарори раиси шаҳр аз 05 июни соли 2015, №306 дар майдони 6,9 га минтақаи саноатӣ таъсис дода шудааст.
Дар минтақаи мазкур тибқи қарорҳои раиси шаҳр ба 11 нафар қитъаҳои замин барои сохтмони корхона ва коргоҳҳои саноатӣ дода шуд.
Дар ин замина бо мақсади хубтару беҳтар гардидани корхонаҳои саноатӣ тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳар ҳафта вохӯрӣ бо роҳбарону соҳибмулкони корхонаҳои саноатӣ ва корхонаҳои сохташаванда дар минтақаи саноатӣ баргузор карда мешавад.
Ин навбат санаи 15 июли соли равон вохӯрии муовини якуми раиси шаҳри Кӯлоб Ташрифзода Мунавваршо бо роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкорон баргузор гардид.
149
Дар вохӯрии мазкур масъалаҳо оид ба сохтмону бунёди корхонаҳои саноатӣ ва назорати қатъии он аз ҷониби масъулин, иҷрои пардохти сарвақтии андозҳо, ҳамчунин фаъолияти хуби корхонаҳои саноатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
147
Инчунин барои беҳтар гардидани вазъи корхонаҳои бунёдшаванда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
\
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP