Санаи 14 июли соли равон раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат,   модарони Кӯлобшаҳр, волидони хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шахсони масъул ба аёдати сарбозони қисми низомии 13483 “Д”-и шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, аз вазъи шароитҳои истироҳату фароғати хизматчиёни ҳарбӣ аз наздик шинос шуданд.

 Зимни суҳбату вохӯриҳои меҳмонон бо хизматчиёни ҳарбӣ раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр изҳор доштанд, ки маҳз бо шарофати ғамхориҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизмати садоқатмандонаи ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳ, мақомоти қудратии мамлакат дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ имконияти мустақилона ҳимоя намудани марзи Ватанро ба даст овард ва имрӯз ҷавонони ватандӯсти  моро месазад, ки дар ҳимояи марзу буми кишварамон ҳамеша омода бошанд.

Тазаккур бояд дод, ки дар идомаи вохӯрӣ волидони сарбозон суханронӣ намуда, аз ободиву сулҳу осоиштагии Тоҷикистони биҳиштосоямон изҳори андеша намуданд ва таманно намуданд, ки ҳамеша Тоҷикистони азизамон гул-гуншуфон бошаду сулҳу ваҳдат пойдор бимонад.

Ҳамчунин, дар ин рӯз модарони рӯзгордида нону дигар дастранҷҳои ҳунарии худро пешкаши сарбозон намуданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар идомаи боздид аз қисми низомии 13483 “Д”-и шаҳри Кӯлоб маводҳои хӯрока дар шакли орд, равған, картошка, пиёз, макарон ва полезиҳо дастрас гардид.

Инчунин,  ба китобхонаи   қисми ҳарбӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб   ба хотири баланд бардоштани маърифатнокии хизматчиёни ҳарбӣ ва тарғиби ғояҳои ватандӯстии ҷавонон беш аз 1000 нусха адабиёти бадеии тозанашр тақдим карда шуд.

    Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP