Имрӯз бахшида ба 29-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 13483-и шаҳри Кӯлоб ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар меҳмонони расмӣ иштирок намуданд.
Дар арафаи ҷашни Рӯзи Артиши миллӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ собиқадорони мақомоти мудоифаи кишвар ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро аёдат намуданд. Зимни суҳбатҳои самимӣ бо фарзандони шуҷои мамлакат, ки дар таҳкими қонуният ҳифзи якпорчагии кишвар ва муҳофизати марзу буми кишвар саҳми арзанда гузоштаанд, зикр гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ бо арҷгузорӣ ба хизматҳои содиқонаи ҳомиёни Ватан дар арафаи ҷашну маросимҳои миллӣ онҳоро қадрдонӣ хоҳад намуд.
ТАБРИКОТИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ ШАҲРИ КӮЛОБ НАЗАРЗОДА БАХТИЁР ХУДОЁР БА РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамдиёрони азиз!
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр бо Рика Ишии, роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.