18 июли соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр доир гардид, ки дар он муовинони раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаҳо, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Сараввал, раиси шаҳр ҷаласаро ифтитоҳ намуда, изҳор доштанд, ки баҳри амалӣ гардидани дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебояд масъулиятшинос бошему дар таъмини фазои мусоид ва рушду пешрафти шаҳрамон ҳиссагузор бошем.

150
    Дар ҷаласаи мазкур қайд гардид, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар ба роҳ мондани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохӯрӣ бо фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара санаи 18 июни соли 2022 изҳор гардида буд нақша-чорабиниҳоро таҳрезӣ намуда баҳри амалигардии бандҳои он саривақт чораандешӣ намоем.
Дар идомаи ҷаласа дар асоси розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо қарори дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Даминова Арафамо муовини раиси шаҳри Кӯлоб таъин карда шуд.
Дар идомаи кори маҷлис ҳисоботи роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Абдулло Файзуллоев оид ба таъмини иҷрои супоришҳое, ки дар дар маҷлиси назоратии қаблӣ додашуда шунида шуд.

151
Аз рӯи масъалаи навбатии рӯзномаи маҷлис оид ба рафти иҷрои қарори раиси шаҳр аз 19 июли соли 2020, №335, дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 22 майи соли 2022 №154 оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2019 №463 дар бораи “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” Бобохуҷаев Саймумин маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Ҳамчунин оид ба пешниҳоди Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон, шуъбаи минтақавӣ дар шаҳри Кӯлоб аз Амирҷон Гулмадов ҳисобот пешниҳод намуд.
Дар идомаи кори ҷаласа роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба масъулин ҷиҳати ба самар расонидани кишти такрорӣ, инъикоси кишти такрорӣ дар васоити ахбори омма, таъминоти оби полезӣ ва оби нӯшокӣ ба аҳолӣ, тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон, саривақт пардохт намудани рухсатпулии омӯзгорон, ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP