КӮЛОБ. Санаи 20.07.2022 Конференсияи XXХ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.
Пеш аз оғози Конференсия муовини Раиси ҲХДТ Хайриниссо Юсуфӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, узви Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб – Шарифзода Гулрухсор аз рафти истифодаи самараноки заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб дидан намуданд.
Баъдан, дар кори Конференсия муовини Раиси ҲХДТ Хайриниссо Юсуфӣ, Раиси Кумитаи Иҷроияи ХҲДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, узви Раёсат ва Кумитаи иҷроия, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор, Раҳмон Дилшод Сафарбек-ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, вакилони даъватшуда, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”, фаъолон ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.
153
Пас аз садо додани Суруди миллӣ ва интихоби ҳайатҳои раёсат, котибот, комиссияи таҳририя, комиссияи ваколатдор, тасдиқи регламент ва рӯзномаи маҷлис вакилон ба кори Конеференсия ҳусни оғоз бахшиданд.
Конференсия тибқи рӯзномаи тасдиқшуда масъалаҳои зеринро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод: 1. Шунидани ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июни соли 2022; 2. Шунидани ҳисоботи раиси комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июни соли 2022; 3. Интихоби ҳайати нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб; 5. Интихоби вакилон ба Конференсияи 14-уми ҲХДТ дар вилояти вилояти Хатлон аз шаҳри Кӯлоб ва масъалаҳои ҷорӣ.
Аз рӯи масъалаи якум Шарифзода Гулрухсор раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб доир ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июни соли 2022 ҳисобот дод. Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Кӯлоб низ чун дар тамоми Тоҷикистон ҲХДТ дорои мавқею обрӯ ва ҷонибдории устувори сокинон буда, Кумитаи иҷроия дар асоси қарорҳои Анҷумани ХII, Оиннома ва Барномаи ҳизб, дастуру супоришҳои КИМ ҲХДТ ва КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар ин давра ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.
154
Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар давоми ин солҳо сафи аъзои ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба миқдори 1374 нафар зиёд карда шудааст.
Зимни музокира, вакилони конференсия Ҷалолов Баҳриддин, Эмомова Сайлигул ва Бадалов Исфандиёр ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлобро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш ҳисобиданд.
Сипас, тибқи масъалаи дуюми рӯзнома Қурбонзода Наргис раиси комиссияи тафтишоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бораи фаъолияти молиявии Кумитаи иҷроия дар давраи ҳисоботӣ маълумот дод.
Зимни баррасии масъалаи сеюм ва чорум бо иштироки фаъолонаи вакилон ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб иборат аз 29 нафар ва комиссияи тафтишотӣ иборат аз 5 нафар интихоб карда шуданд.
Аз рӯи банди 5-уми рӯзнома барои иштирок дар Конференсияи ХIV ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз шаҳри Кӯлоб низ вакилон иборат аз 36 нафар интихоб гардиданд.
Ҳамзамон, дар баробари баррасии масъалаҳои Конференсия, аввалин маҷлиси Кумитаи иҷроия дар ҳайати нав баргузор гардид, ки дар он тибқи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис ҳайати нави Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб интихоб шуданд.
Инчунин, барои хизматҳои арзанда дар рушду нумуи диёр, кордониву ташаббускорӣ, дарки баланди масъулият дар амалӣ гардонидани сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми босазо гузоштанашон дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб якқатор фаъолони ҳизб бо Сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, вилоятӣ ва шаҳрии ҳизб қадршиносӣ шуда, дар ин баробар як қатор занону ҷавонон ба сафи ҳизб пайваста, ки дар фазои тантанавӣ ба онҳо билетҳои ҳизбӣ супурда шуд.
Қарорҳо ва масъалаҳое, ки дар Конференсия ва маҷлиси Кумитаи иҷроия баррасӣ карда шуданд, ба манфиат ва пешрафти ҷомеа равона шуда, ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани корҳои ҳизбӣ дастурҳои мушаххас дода шуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP