Санаи 16 июни соли равон корвони иттилоотии рӯзноманигорони Тоҷикистон ва раиси Иттифоки журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.
Нахуст, Меҳмононро роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ва дигар фаъолон самимона пешвоз гирифтанд.
Сипас, меҳмонон аз Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии Кӯлоб дидан намуданд. Меҳмононро Асозода Ҳотам Раҷаб, директори Генералии Муассисаи давлатии "Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб" аз таъриху фарҳанги қадимаи шаҳри бостонии Кӯлоб огоҳ намуда, оид ба нигораҳои бостонӣ аз қаламрави шаҳри Кӯлоб дарёфт намуда маълумот дод. Иштирокчиён аз тамошои осорхона рӯҳу илҳоми тоза бардошта ба ташкилкунандагон ва масъулини осорхона изҳори сипосу миннадорӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки айни замон дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии Кӯлоб даҳ ҳазор нигораҳо маҳфуз мебошад.
Ҳамчунин гуруҳи рӯзноманигорон аз Телевизион Кӯлоб боздид ба амал оварда бо кору пайкори хайати эчодию техникии ин боргоҳи иттилоотӣ аз наздик шинос шуданд. Зимни боздид ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки Телевизиони Кулоб таърихи 30 сола дошта дар замонҳои мудҳиш таъсис ёфтааст ва имрӯз тавонистааст, бо барномахои чолибу диққатҷалкунандаи хеш дар дилу дидаи бинанда ҷойи махсусро ишғол кунад, ки бевосита гурӯхи рузноманигонрон аз таърихи таъсисёбии Телевизиони Кулоб ба пуррагӣ маълумот гирифтанд.
Инчунин дар идомаи сафар мехмонон аз хона музейи шоир ва ҳофизи халқӣ Сайдалӣ Вализода дидан карданд. Итилоъ дода шуд, ки хона музейи адиби Хатлонзамин Сайдалӣ Вализода аз 20-уми майи соли 1981 ба фаъолият шурӯъ намудааст. Дар осорхона чихозхои истифода намуда ва ашъори гаронбаҳои устод Сайдалӣ Вализода нигоҳ дошта шудааст.
Дар идома меҳмонон бо нишони эҳтирому қадршиносӣ Оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда, аз осорхонаи ин мутафакири бузург боздид ба амал оварданд. Ҳамин тавр вохӯрии рӯзноманигорони минтақаҳои Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар як фазои хубу хотирмон ҳусни анҷом ёфт.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Санаи 14 июни соли равон аъзои гурӯҳи корӣ, намояндаи Ҳукумати мамлакат, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр аз рафти корҳои созандагию ободонӣ дар маҳаллаҳо, кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ ва ҷараёни иҷрои корҳои сохтмонӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд.
Нахуст, аъзои гурӯҳи корӣ аз рафти таъмиру азнавсозии роҳи маҳаллаи Абдураҳмони Ҷомиии шаҳри Кӯлоб шинос гардида, бо сокинон суҳбату вохӯрӣ доир намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар идомаи чунин корҳои созандагию ободонӣ ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкими вазъи инфрасохтори деҳот барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии сокинон, инчунин бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дарқисмати навбунёди маҳаллаи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ таъмиру азнавсозии роҳи маҳаллӣ ба масофаи 4км бо маром идома дорад.
Бояд қайд намуд, ки дар асоси муроҷиати сокинони ин маҳалла ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар баробари таъмири роҳ мушкилоти норасоии барқ низ бартараф карда шуда симчӯбҳо низ иваз карда шуданд.
Сокионон аз амалӣ шудани чунин корҳои созандагию бунёдкорӣ рӯҳбаланд гардида, миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расониданд.
Минбаъд, аъзои гурӯҳ аз маҳаллаҳои навбунёди Чаманзор боздид ба амал оварда, ба корҳои ободонӣ ва таъмири роҳи автомобилгард ва қубурҳои обпартои бетонӣ шинос шуданд.
Зимнан, аъзои гурӯҳ ба рафти сохтмони қисмати поёнии роҳи алтернативии маҳаллаи Чармгари поён, ки дар доираи эълон шудани соли 2022 дар шаҳри Кӯлоб ҳамчун “Соли рушди саноат ва роҳҳои обод” бунёд ёфта истодааст, шинос шуда, ҷиҳати бунёди пули мошингузар дар идомаи роҳ болои сойи маҳалла машварат намуданд.
Аз дигар масъалаҳои муҳимме, ки гурӯҳи корӣ таваҷҷуҳи худро равона сохт, ин масъалаи самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини корам мебошад. Вобаста ба ин масъала бо масъулони кооперативи тиҷоратии “Хатлон”-и ҷамоати деҳоти Зарбдор вохӯрӣ доир гардид. Зимни вохӯрӣ бо сокинон ва масъулини соҳаҳо ҷиҳати иҷрои дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва истифодаи самаранок аз заминҳои наздиҳавлигӣ, 3-4 ҳосил гирифтан аз як замин ва таъмин кардани захираи дусолаи маводи озуқа дар ҳар хонадон таъкид гардид. Тавре маълум гардид, дар заминҳои хоҷагӣ аллакаи ҳосили гандумро ҷамъоварӣ намуда, коҳу хошок барои хӯроки зимистонаи чорворо омода кардаанд. Айни замон хоҷагидорон заминро барои кишти ҳосили дуюм омода месозанд.
Дар охир, аъзои гурӯҳи корӣ аз заминҳои кишти пахта дидан намуда, ба масъулон ҷиҳати баланд намудани ҳосилнокии натиҷаи заҳматашон маслиҳатҳои муфид доданд.
Бахши матбуотии МИҲД шаҳри Кӯлоб
Имрӯз, 13 июни соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи назоратӣ таҳти раёсати раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр доир гардид.
Дар кори ҷаласа муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои таълимию тиббӣ, раисони ҷамоатҳо, ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Нахуст, раиси шаҳр ҷаласаро оғоз намуда, ҳозиринро ба рӯзномаи маҷлис шинос намуд. Қайд намуд, ки ҳар яки моро мебояд барои амалӣ гардидани дастуру ҳидоятҳои Роҳбарияти олии кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба самтҳои асосии дохилӣ ва хориҷии кишвар корбариро боз ҳам ҷоннок намоем то ба рушду пешрафти шаҳрамон саҳмгузор бошем.
Дар ҷаласа тибқи банди якуми рӯзномаи маҷлис Ташрифзода Мунаваршо оид ба ҳолати корҳо дар соҳаи кишоварзӣ ҳисобот пешниҳод намуд.
Сипас, роҳбарияти шаҳри Кӯлоб аз рӯи масъалаи навбатии рӯзнома “Дар бораи рафти амалишавии “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳи 2020-2025” суханронӣ намуда қайд намуд, ки Барномаи мазкур бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва қабул гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020, №389 тасдиқ карда шудааст.
Ҳамчунин, аз рӯи масъалаи мазкур мудири шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Кӯлоб Раҳмонзода Алиаҳмад ахборот пешниҳод намуд.
Қайд кард, ки мақсад аз қабули Барномаи мазкур таъмини рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр буда, амалишавии он боиси ҳалли мушкилотҳо гардида, ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагонии аҳолии шаҳру деҳоти Кӯлоб мусоидат менамояд.
Дар идомаи ҷаласа роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба масъулин ҷиҳати ба самар расонидани кишти такрорӣ, таъминоти оби полезӣ, рафти ҷамъоварии ҳосили гандум, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидан миёни фаъолзанон, инъикоси кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар телевизиону рӯзномаҳо, риоя кардани қоидаҳои зидди сӯхтор дар ғаллазорҳо, амалӣ намудани лоиҳаҳо бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода, ба масъулин дар ин бобат дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Дар натиҷаи боришоти зиёд ва омадани сел, ки санаи 11-майи соли 2021 ба шаҳри Кӯлоб омад ба Шураксой ва Девонасой зарари худро расонида буд.
Имрӯзҳо корҳои таъмиру барқарорсозии сойҳои мазкур бо дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавасути Дирексияи иншоотҳои сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи пудратчиён ҶДММ “Хайр-Неъмат”, " Шаҳриёр сохтмон" ва " Балх 2015" корҳо бо маром идома дорад.
Бояд гуфт, ки дар натиҷаи омадани сел ба шаҳри Кӯлоб соли 2010 ба сойи Тебалай низ зарар дида буду пурра барқарор гашт, боз 11- майи соли 2021 дар натиҷаи боришоти зиёд ва омадани сел қимате аз сойи Тебалай хароб гардида буд, мавзеҳои хароб гардидаи сойи болозикр низ аз ҷониби сохтмончиён пурра барқарор гашта истодааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва сокинони шарафманди он аз дастгириву ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ менамоянд.
Айни замон корҳои бунёду барқарорсозӣ бо маром идома дошта, сохтмончиён азму талош доранд то корҳоро бо сиффати баланд ва дар муҳлатҳои муайянгашта ба анҷом расонанд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб