Дар идома, роҳбари Гурӯҳи корӣ, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим зимни вохӯрӣ бо гурӯҳи корӣ, ки аз ҳисоби занону бонувони фаъоли тамоми ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ шомил мебошанд, шинос гардида, ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ миёни аҳолӣ маслиҳадҳои муфид доданд. Ҳамзамон таъкид намуданд, ки занону ҷавондухтарон корҳои тарғиботиро бештар намуда, вобаста ба фарҳанги либоспӯшӣ, аз ҷумла чакан ва атлас, ки имрӯз бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони миллали муттаҳид ба рӯйхати мероси ғайримоддӣ пазируфта шуд, бояд ҳар як духтари тоҷик ин либосро ба бар кунад ва барои духтани он аз модарону чеварон истифода баранд.
Агар аз як ҷиҳат духти либосро аз худ намоянд, аз ҷиҳати дигар таҳаммулу зебоипарастии ҳар як ҷавондухтар нисбати Ватан, модар ва ояндаи худ равшан мегардад. Пас вазифаи аҳли ҷомеа дуруст дарк кардан ва ба мардум фаҳмонидани моҳияти ҳамин масъалаҳо мебошад. Инчунин, масъулини Гурӯҳҳои корӣ вазифадор гардиданд, ки дар вақти вохӯриҳо шахсони донишмандро низ даъват намоянд ва бо мардум аз наздик суҳбат карда, моҳият ва мақсади баргузории чунин вохӯриҳои судмандро расонанд.
Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯриашон бо фаъолон ва ходимони дин, ки санаи 9 марти соли ҷорӣ доир гардида буд, тамоми масълаҳои мубрами рӯзро бо далелҳои мушаххас расониданд. Ин мулоқоти Пешвои муаззами миллатро мо бояд масъулон ба мардум аз наздик расонем ва ба зиёдарави роҳ надода, фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ҳидоят ва тарбия намоем.
Дар интиҳо, масъулин ҷиҳати тамоми он дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид доштанд, ки бонувон ҳамеша татбиқкунандаи сиёсати созандаву бунёдкорона ва роҳнамунсози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд ва хоҳанд монд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.