Имрӯз, 7-уми феврали соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, нишасти матбуотии раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр бо иштироки васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма доир шуд.
Сараввал, раиси шаҳри Кӯлоб барои ҳамкории мутақобилан судманд бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, дастгирии сиёсати давлатӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллию давлатдорӣ ва муаррифии дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2022 ба кулли рӯзноманигорон изҳори сипосу миннатдорӣ баён кард.
Зимни баромади худ раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр дар назди намояндагони ВАО доир ба муҳимтарин нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву ичтимоии шаҳр дар соли 2022 ба иштирокчиёни нишасти матбуотӣ муффас баромад намуд.
Аз ҷумла, қайд гардид, ки соли 2022 барои сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб соли таърихӣ ва хотирмон буд. Бахусус сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб ва дар рафти он ба истифода супоридани як қатор иншоотҳо, аз ҷумла биноҳои Коллеҷи технологияи инноватсионию иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, филиали муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ”, муассисаи таълимии №47, коргоҳи истеҳсоли гӯшти мурғ, бинои Кумитаи идораи замини шаҳр, бинои баландошёна, ки ҳангоми ифтитоҳи бино ба сад нафар ятимони кул аз ҷониби муҳтарам Пешвои миллат зиёфат ва ба ҳамаи онҳо туҳфаҳои арзишманд дода шуд, ки барои мардуми шаҳри Кӯлоб хотирмон буд. Аз ин ғамхории навбатии муҳтарам Ҷаноби Олӣ ятимон хело ҳам миннатдор шуданд. Ҳамчунин бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва собиқадорони меҳнат вохӯрӣ доир гардид, ки ба сокинон руҳу илҳоми тоза бахшид. Қобили қайд аст, ки 14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард. Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзӯъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад. Боиси ифтихор ва сарфарозии ҳамаи сокинони Тоҷикистон, бахусус шаҳру деҳоти Кӯлоб аст, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистону раиси вилояти Хатлон ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро ба роҳбарӣ гирифта, дар соли 2022 ҷиҳати пешбурди иқтисодиёту иҷтимоиёт корҳои муайянро ба сомон расонид.
Дар соли 2022 нақшаи андозҳои давлатии шаҳри Кӯлоб 116,0 фоиз иҷро ва ба буҷет 127,3 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбати нақша 17,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи андозҳо якҷоя бо андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 113,2 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷойи 140 млн. 691 ҳазор сомонӣ, 158 млн. 960 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки ин нишондиҳанда аз нақша 18 млн.268 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Гуфта шуд, ки бо назардошти эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” ва амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии бо суръати мамлакат соли 2022 тибқи қарори раиси шаҳр “Соли рушди саноат ва роҳҳои обод” эълон, нақшаи чорабиниҳо таҳия ва дар соли 2022 дар ин самт чораҳои дахлдор амалӣ карда шуданд.
Дар натиҷаи чораҳои амалигардида ба 01 январи соли 2023- 7 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла ҶДММ “Махсус” ва ҶДММ “Мелиоратор”- корхонаҳои коркарди сангу шағал, ҶДММ “Мадазим”- корхонаи истеҳсоли маҳсулот аз филизот, ҶДММ “Оби навруша”- истеҳсоли сафолаку хишти сементӣ, ҶДММ “Марямбибӣ”- истеҳсоли хишти сементӣ, ҶДММ “Истеҳсоли гушти мурғи Кӯлоб” ва ҶДММ “Тоҷик Алмос” - истеҳсоли филтрҳои равғанӣ ва ҳавоӣ барои автомошинаҳо ба истифода супорида шуда, дар ин замина 73 ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтанд. Ҳамчунин дар ҶДММ “Комбинати хонасозӣ”-и шаҳри Кӯлоб 3 коргоҳҳои нав, аз ҷумла истеҳсоли сафолак, хишти сабук ва сангҳои ороишӣ, дар ҶДММ “Сувайба-2014” коргоҳи парвариши мурғи гуштӣ, дар ҶДММ “Хуршед-Н” коргоҳи истеҳсоли сангу шағал ҳамагӣ бо таъсиси 40 ҷойҳои нави корӣ ба истифода супорида шуданд ва дар маҷмуъ дар соҳаи саноат 113 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт.
Иттилоъ дода шуд, ки дар соли сипаригашта ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 810,0 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 32,1 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 104,1 фоизро ташкил дод.
Яке аз соҳаи афзалиятноки иҷтимоӣ маориф ба ҳисоб меравад. Барои фаъолияти самаранок ба соҳаи маориф дар соли 2022- 94,9 млн. сомонӣ, аз маблағҳои қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ равона гардид.
Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 77 муассисаи таълимию тарбиявӣ, аз ҷумла 52 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 4 литсей, мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат, 2 мактаб-интернат, марказҳои таҳсилоти иловагӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо, технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ, фароғатгоҳи «Шарора», 13 муассисаи таҳсилоти томактабӣ (аз ҷумла 4 муассисаи таҳсилоти хусусии томактабии «Меҳрона», «Миҷгона», «Сабрина» ва «Ягона») фаъолият доранд
Дар соли 2022 ба соҳаи тандурустӣ 44,8 миллион сомонӣ равона гардид, ки 23,6 фоизи қисми хароҷотии буҷети маҳаллиро ташкил медиҳад.Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 72 адад муассисаҳои тандурустӣ, аз ин 5 муассиса ба бахши госпиталӣ ва 67 адади дигар ба бахши кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ рост меояд. Аз 72 адад муассисаҳои тиббӣ 15 адад дар ҳудуди шаҳр ва 57 адад, аз ҷумла маркази саломатии ноҳиявӣ, 14 адад марказҳои саломатии деҳотӣ ва 41 адад бунгоҳҳои тиббӣ дар ҷамоатҳои деҳот ҷойгир мебошанд.
Дар нишасти матбуотӣ намояндаи телевизиони “Сафина” дар минтақаи Кӯлоб, намояндаи нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумҳурият”, Намояндаи телевизони “Точикистон” намояндаи нашрияи "Пайк", намояндаи телевизиони "Синамо" ва чанде аз дигарон ба суолҳои худ оид ба масъалаҳои мухталифи иҷтимоию иқтисодӣ, кишоварзию рушди саноат посухи мушаххас гирифтанд.
Дар охир раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр изҳор дошт, ки сокинони фарҳангдӯсти шаҳр бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баҳри иҷрои ҳадафҳои пешгирифта дар самти корҳои ободонию созандагии диёри биҳиштоосоямон содиқона саъю талош хоҳанд варзид.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP