Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таҳти роҳбарии раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон, муовини якуми роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Бег Сабуров, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, масъулони муассисаҳои таълимию тиббии шаҳр, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, намояндагони васоити ахбори омма ва дигар шахсони масъул ҷаласаи ҷамъбастӣ аз рӯйи натиҷаи фаъолияти шаҳрдорӣ давоми 6 моҳи соли ҷорӣ баргузор гардид.
Нахуст, Роҳбарияти шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр суханронӣ намуда, рӯзномаи маҷлисро ба ҳозирин ироа намуд.
Сипас, Асозода Манучеҳр, муовини раиси шаҳр доир ба бурду бохти хоҷагии халқи шаҳр дар шашмоҳаи соли равон иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 бармеоянд, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоришҳои раиси вилояти Хатлон дар 6 моҳи соли ҷорӣ корҳои муайянро ба анҷом расонида, дар натиҷа аксарияти нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид.
Бояд қайд намуд, ки бо дастгирии бевоситаи муҳтарам Пешвои миллат Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020, №389 тасдиқ карда шуд. Ҳадафҳои асосии Барнома таъмини рушди устувори иктисодии шаҳр, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, баланд намудани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, рушди соҳаи иҷтимоӣ, беҳтар намудани ҳолати инфрасохтори мавҷуда, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии шаҳру деҳот мебошад.
Мавриди зикр аст, дар давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ гурӯҳи корӣ бо роҳбарии раиси шаҳр, муовини соҳавии раиси шаҳру шахсони масъул 3 маротиба ба шаҳри Душанбе сафари корӣ анҷом дода, оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб бароисолҳои 2020-2025 назди вазорату идораҳо масъалагузорӣ кард.
Ба ҳолати 1 июли соли 2023 ҳамагӣ дар иҷрои барномаи мазкур 830,6 млн. сомонӣ аз худ шудааст, ки дар 5 сол 11,8 фоиз ва дар 3 сол 14,8 фоизро ташкил медиҳад. Дар моҳи июни соли 2023 лоиҳаи “Бо оби полезӣ таъмин намудани шаҳри Кӯлоб аз дарёи Панҷ” ба маблағи 381,5 миллион сомонӣ (35 млн. доллари ИМА) оғоз гардид.
Ҷиҳати таъмини иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ чораҳои дахлдор амалӣ гардида, дар натиҷа дар 6 моҳи соли 2023 нақшаи андозҳо111,4 фоиз иҷро гардид, ки нисбати нақша 6,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои рушди соҳаи саноат- соҳаи афзалиятноки иқтисодии шаҳр ва бо назардошти эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” чораҳои дахлдорро амалӣ намуда истодааст. Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳамагӣ 82 корхонаҳои саноатӣ фаъолият дошта, барои таъмини фаъолияти самараноки онҳо, бунёди корхона ва коргоҳҳои нав мунтазам вохӯрии раиси шаҳр бо роҳбарону соҳибмулкони корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкороне, ки қитъаи замин барои бунёди корхонаҳо гирифтаанд, доир карда мешавад. –афзуд дар баромади хеш муовини раиси шаҳри Кӯлоб Манучеҳр Асозода.
Асозода Манучеҳр дар ҷараёни баромади худ доир ба фаъолияти дигар бахшҳои хоҷагидории шаҳр низ маълумоти муфассал дод.
Ҳамчунин дар идомаи ҷаласаи ҷамъбастӣ, Абдуқайюм Назаров, муовини сардори ҶДММ Vahdat Textile, Илҳомҷони Саид, раиси ҷамоати деҳоти Зарбдор, Кишваров Наврӯз, сардори ҶСК Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб, Достиев Ғиёсиддин, директори корхонаи фаръии давлатии “Хоҷагии комуналӣ”-и назди МИҲД-и шаҳри Кӯлоб оиди нишондиҳандаҳои муҳими рушди фаъолити ҷамоат ва корхонаҳо маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Сипас, Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр доир ба соҳаҳои маорифу тиб, занон, ҷавонон, ноболиғон аз масъулини дахлдор пурсиш ба амал оварда, барои бартараф намудани мушкилот ва ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ, тарғиби дастовардҳои Истиқлолият, Ваҳдат миллӣ ва ғайра дастуру супоришҳо дод.
Зимни баррасии ҷодаи иқтисодиёт аз масъулини соҳаи саноат даъват ба амал оварда шуд, ки фаъолияти ширкату корхонаҳоро ҳамоҳангсозӣ намуда, барои иҷрои нақшаи буҷет, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот, афзун намудани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳо андешанд.
Дар ҷараёни ҷаласа ҳамзамон ҷиҳати тақвияти корҳои ободонию созандагӣ, дастгирии мутахасисони ҷавон, риояи қонунгузории танзими расму оин, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии коммуналӣ, сафарбар намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, масъулини дахлдор муваззаф гардиданд.
Зимни баррасии мавзуъҳои матраҳгардида Қурбонзода Амирхон, муовини Раиси вилояти Хатлон ва муовини якуми роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Бег Сабуров бо таҳлилҳои амиқ ва ояндабинӣ фикру андешаҳои хешро баён доштанд.
Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷаласаро натиҷабардорӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки дар оянда низ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишондодҳои Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассир меандешад ва аз масъулин даъват ба амал овард, ки дар иҷрои вазифаҳои ба зиммадошта масъулиятшинос бошем, то ин ки ба натиҷаҳои мусбӣ ноил гардем.
Бахши матбуотии МИҲД-шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP