17 июли соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр бо иштироки муовини аввали раиси шаҳр, муовинон ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дигар сохторҳои шаҳрдорӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимию тиббӣ, раисони маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва дигарон ҷаласаи кории назди раиси шаҳр баргузор гардид.
Нахуст, Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр суханронӣ намуда, ба ҳозирин рӯзномаи маҷлисро шинос намуд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласаи имрӯза роҳбари дастгоҳи раис Қурбонзода Наргис, оид ба супоришҳои протоколии дар маҷлиси қаблӣ додашуда, Алишер Бобоҷонов, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб оид ба рафти иншоотҳои нотамом, Ташрифзода Мунаваршо, муовини якуми раиси шаҳри Кӯлоб оид ба нишондиҳандаҳои мусбӣ ва манфии самтҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нимсолаи якуми соли 2023 ҳисобот пешниҳод намуданд.
Роҳбарияти шаҳр зикр намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар қаламрави шаҳр корҳои бунёдкориву созандагӣ идома дорад ва моро месазад, ки дар иҷрои вазифаҳои ба зиммадошта мсъулиятшинос бошему дар оболии шаҳрмон ҳиссаи арзандаи худро гузорем.
Зимни баррасии масъалаҳои маҷлис ба муовини аввали раиси шаҳр ва муовинони раиси шаҳр доир ба тақвияти корҳои созандагӣ, иҷрои босифати нақшаи даромади буҷети давлатӣ, пардохти андоз ва бақияпулиҳои он, таъмини нақшаи корҳои ободонӣ, вусъати корҳои мавсими гулшинонию ниҳолшинонӣ, таъмини мунатазами аҳолӣ бо обу дигар инфрасохтори хизматрасонӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, роҳандозии чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа, таҷдиду азнавсозии кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, рангубор ва таъмири хонаҳои баландошёна ва ташкилоту идораҳо, суръатбахшии сохтмони иншоотҳои нотамомом, пешгирии ҳамагуна қонуншиканиҳо ва ғайраҳо дастуру супоришҳо дода, иҷрои саривақтии онро аз масъулин талаб намуд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP