Имрӯз, 21 июли соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, таҳти раёсати раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия вакилон, муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Иҷлосияи мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар кори иҷлосияи ғайринавбатӣ масъалаҳо;
- Дар бораи як қатор ваколатҳои вакилоне, ки бинобар сабаби иваз намудани ҷои зист ваколатҳояшон пеш аз муҳлат қатъ карда шаванд
-Дар бораи таъин кардани интихобот дар ҳавзаҳои интихоботи вакилони хориҷшуда
-Дар бораи таъсиси Комиссияи интихоботии шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Сипас, вакилон рӯзномаи маҷлисро тасдиқ намуда, масъалаҳои мазкурро баррасӣ намуданд.
Зимни баргузории иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони шаҳри Кӯлоб роҳбарияти шаҳр суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон вобаста ба таҷлили сазовори ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар яки моро мебояд ҷиҳати зиёд намудани корҳои ободониву созандагӣ, таъмини тозагиву ободии маҳал, тақвият бахшидани корҳои созандагиву ободкорӣ бо сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ ҳамкории зич намоем.
Баъди муҳокимарониҳои масъалаҳои иҷлосия раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр аз масъулин даъват ба амал овард, ки дар иҷрои вазифаҳои ба зиммадошта масъулиятшинос буда, баҳри беҳбудии рӯзгори мардум саъюу талоши бештар дошта бошем, то ин ки дар ободониву созандагии шаҳри Кӯлоб саҳмгузор бошем.
Ба ҳамин иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб бо садо додани Суруди миллӣ ба итмом расид.
Бахши матбуотии Миҳд- шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP