Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ба масъалаи бофароғат гузаштани таътили тобистонаи мактаббачагон дар истироҳатгоҳҳои тобистона таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои беҳдошти саломатии хонандагон, ҷалби онҳо ба сайёҳиву солимгардонӣ, тарбияи ватандӯстиву зебопарастӣ тадбирҳои заруриро сари вақт роҳандозӣ менамояд.
Ҳамин аст, ки бештари хонандагон таътилро шоду хурсандона дар майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ ва истироҳатгоҳҳои тобистонаи беруназшаҳрӣ гузаронида, баъд аз истироҳат бо як нерую қувваи тоза боз ба мактаб бар мегарданд.
Дар робита ба ин бо дарназардошти Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №126 аз 28 марти соли 2023 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2023» ва қарори раиси шаҳри Кӯлоб оид ба қарори раиси вилояти Хатлон истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Шарора” воқеъ дар ноҳияи Мӯъминобод барои гузаронидани таътили тобистонаи мактаббачагони шаҳру деҳоти Кӯлоб барои соли 2023 ифтитоҳ гардида ба фаъолият шуруъ намуд.
Зимни кушодашавии истироҳатгоҳ муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо ва дигар масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иштирок намуда, ба хонандагон истироҳати хубу бофароғатор таманно намуданд.
Даминзода Арафамо, муовини раиси шаҳри Кӯлоб зимни баромади хеш иброз намуд, ки кӯдакону наврасон ҳамеша дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта ҳамасола баҳри истироҳу фароғати кӯдакону наврасон дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳри шароити мусоид фароҳам меоварад.
Сипас аз ҷониби мактаббачагон маҳфили шеъру суруд пешниҳод гардид, ки хотири иштирокрокчиёнро шод намуданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP