Пос доштани хотираи устодону собиқадорон ва шахсоне, ки дар рушди варзиши тоҷик хизматҳои бузург доранд барои насли оянда як руҳияи тозаеро мебахшад.
Бо ин мақсад дар толори Маҷмааи варзишии шаҳри Кӯлоб VII-умин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба “Гуштингирӣ” байни ҷавонони соли таваллудашон 2003-2004 бахшида ба гиромидошти хотираи Устоди варзиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Устод Шариф Саидов баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо як нерӯи тоза иштирок намуда қувваозмоӣ намуданд.
Зимни баргузории чорабинии варзишӣ Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр иштирок намуда, аз хизматҳо ва саҳми хотираи Устоди варзиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Устод Шариф Саидов дар риштаи варзиш ёдовар гардида аз корҳои неки ин шахсияти бузург ба варзишгарон сухан гуфтанд.
Дар идома ба як қатор устодони варзиш барои ҳамкориҳои созанда бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва саҳми арзанда гузоштан дар рушди варзиши миллӣ, инчунин бахшида ба хотири гиромидошти хотираи Устоди варзиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Устод Шариф Саидов бо Сипосномаи раиси шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуд.
Сипас, мусобиқа оғоз гардида, варзишгарон байни ҳамдигар дар вазнҳои муайянгардида рақобат намуданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
 
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP