Ҳамватанони азиз!
Санаи 5 октябр дар саросари кишвар ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат тамоми сокинони Кӯлобшаҳри бостониро самимона табрику муборакбод гуфта, ба ҳамаатон саломатӣ, сарбаландӣ, иқболи накӯ, сухандониву суханварӣ таманно дорам.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «Ҳадафи мо аз ин ҷашн, аз як тараф гиромӣ доштани забони нобу шоиронаи модариамон ва аз ҷониби дигар мусоидат ба тавсеаи доираи истифодаи он ва татбиқи муқаррароти қонун дар бораи забони давлатӣ мебошад, зеро рушду инкишофи забони давлатӣ қабл аз ҳама, ба амалӣ гардидани конуни зикршуда вобаста аст. Барои ҳар як фарди ҷомеа донистани забони модарӣ, арҷгузорӣ ба миллат ва гузаштаи хеш аст.
Бо назардошти ин, ман борҳо таъкид намудаам, ки забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад». Насли калонсолон, он нафароне, ки дар замони Шуравӣ умр ба сар бурданд, нагз дар хотир доранд, ки дар Тоҷикистон сарфи назар аз он, ки ҷумҳурии миллӣ дар ҳайати давлати абарқудрати Шуравӣ буд, қисмати зиёди хуҷҷатнигориву ҳуҷҷатгузорӣ бо забони русӣ сурат мегирифтанд ва ҷаласаву машваратҳо бо ҳамин забон гузаронида мешуданд. Фақат дар нимаи дуюми солҳои 80-уми соли гузашта, пас аз эълон шудани бозсозиву дар иртибот бо ин иқдоми роҳбарияти олии кишвари Шуравӣ, паст шудани шиддати вазъият, дар ҷумҳурӣ ҳаракату ҷунбишҳо барои дар баробари забони русӣ, ба забони тоҷикӣ додани мақоми расмиву давлатӣ оғоз шуданд. Ин ҳаракату ҷунбишҳо оқибат самараи хуб ба бор оварданд ва 22 июли соли 1989 Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва тибқи он забони тоҷикӣ дар кишвар мақоми давлатиро гирифт. Вале забони тоҷикӣ ба маънои аслиаш пас аз соҳибистиқлолии кишвар имкон пайдо кард, ки рушду густариш ёбад ва бо ибтикори бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои доираи истифодаи он шароити мусоид фароҳам омада, тамоми монеаву маҳдудиятҳои сунъӣ, ки дар замони то истиқлолият мавчуд буданд, бартараф карда шуданд. Гузашта аз ин, махз бо ташаббуси Пешвои муаззаму хирадсолори миллат дар даврони соҳибистиқлолии кишвар забони тоҷикӣ ба арсаи байналмилалӣ баромад ва имрӯз аз баландтарин минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз он ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид садо дода истодааст. Фикр мекунам ин дастоварди бузург боиси ифтихору сарфарозии ҳар яки ватандори асил мебошад. Ҳамзамон бояд ифтихор кард, ки ба туфайли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имрӯзҳо забони тоҷикӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар иртибот воситаҳои мавқеи устуворро соҳиб гаштааст.
Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!