Имрӯз дар доираи нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, ҷиҳати дар сатҳи баланд ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол аз 27 солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ корҳои ободонӣ, аз ҷумла мумфаршкунӣ дар маҳаллаҳои Исмоилӣ Сомонӣ ва Ҳилоли Аҳмари шаҳри Кӯлоб бо ҷалби техникаҳо, кормандони Муассисаи давлатии "Нигоҳдории роҳҳои автомобилгард"-и шаҳри Кӯлоб ва аҳолӣ сурат гирифт. Бояд қайд намоем, ки роҳҳое мумфарш гардиданд, ки бинобар сабаби насб намудани қубурҳои обгузар ба таъмир ниёз доштанд ва имрӯз аз ҷониби Муассисаи мазкур таъмир ва мумфарш карда шуданд.
            Чунин иқдомҳои созанда дар дигар маҳаллаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб низ идома меёбад.
 
                                                                                                                                                          Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP