Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тамоми хизматчиён ва собиқадорони мақомоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба иди касбияшон – Рӯзи милитсияи тоҷик табрику муборакбод менамояд!
            Лозим ба ёдоварист, ки дар раванди таъмини суботи сиёсӣ ва Ваҳдати комили ҷомеаи Тоҷикистон, талошу ҷоннисориҳои ҳар фарди огоҳи ин миллат, хоссатан қишри равшанфикрони ҷомеаи Тоҷикистон, ки роҳбарии онҳоро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда доштанд, аҳамияти бориз дорад. Маҳз тавассути чунин хизматҳои бемисл Тоҷикистони биҳиштосо аз вартаи нобудӣ ва ҳалокати сиёсӣ наҷот ёфт.
         Саҳифаҳои аввалини таърихи фаъолияти миллитсияи тоҷик дар ибтидои солҳои истиқлолияти давлатӣ саршор аз матонату мардонагӣ, далерию ҷонбозӣ, садоқат ба касбу савганд, инсондӯстиву ватандорӣ ва аз дигар ҷониб пур аз фоҷиаро ифшо намуд. Аммо сарфи назар аз ҳама мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла фалаҷ гардидани сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ, тафаккури шаҳрвандонро фаро гирифтани ноумедӣ ва умуман бесуботии сиёсӣ, милитсияи тоҷик аз иҷрои вазифаву уҳдадориҳояш, ки миллату давлат дар назди он гузошта буданд, усулан сарпечӣ накард ва дар ин раванди ниҳоят душвор баҳри таъмини суботи сиёсӣ ва амнияти комили ҷомеаи Тоҷикистон ҷоннисориҳои бемисл анҷом дод. Ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар ин маврид чунин зикр намудаанд: «Ҷасорат ва мардонагии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар солҳои барқарорсозӣ ва ҳимояи сохти конститутсионӣ аз худ нишон доданд, ҳеҷ гоҳ аз хотири халқ зудуда нахоҳад шуд».
          Месазад қайд намоем, ки аз шаҳри Кӯлоб низ садҳо ҷавонмардони бонангу номус аз сохтори милитсия баҳри барқарорсозии ҳукумати конститутсионӣ ҷонфидоӣ кардаанд, аз ҷумла Хоҷаев Ганда, Ватанов Нурулло, Азимов Иномҷон, Ҳамидова Малика, Холиқов Муҳаммад ва ғайра, ки хотираи неки онҳо абадан пос дошта мешавад.
         Ҳамзамон, месазад аз хизматҳои софдилонаву содиқонаи як зумра собиқадорони милитсия ном бурд, ки умри бобаракати худро баҳри таъмини суботу оромии ҷомеа сарф кардаанд.
            Бояд қайд намоем, ки соҳаи ҳифзи ҳуқуқ зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қарор дошта, пайваста собиқадорон ва дигар кормандони он дастгирӣ ва қадрдонӣ карда мешаванд. Имрӯзҳо дар ин роҳи ҷавонмардӣ мутахассисони варзида ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар тарбия намуда истодаанд.
          Бо ин таманниёт, бори дигар фарорасии иди касбии кормандони Вазорати корҳои дохилиро ба хизматчиёну собиқадорони соҳа ва дар маҷмуъ ба кулли сокинони шаҳри Кӯлоб табрику шодбош мегӯем.
             Рӯзи милитсияи тоҷик муборак
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP