Ҳамдиёрони азиз.
Мутобиқи моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», рӯзи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ин санаи мубораку фархунда барои мардуми Тоҷикистон ва кулли тоҷикони ҷаҳонро ба ҳамаи Шумо ва дар шахси Шумо тамоми мардуми Кӯлобшаҳри бостонию Тоҷикистони ҷоноҷон самимона табрику муборакбод гуфта, ба ҳама сиҳатмандӣ, рӯзгори хушу хуррам, баракати кору зиндагӣ ва амну суботи абадиро таманно дорам.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз суханрониҳои худ ба мардуми Тоҷикистон муроҷиат ва таъкид намуданд, ки «Ман ҳамаи Шумо – халқи азизам ва хурду бузурги Тоҷикистонро сидқан дӯст медорам ва то нафаси вопасин ба Шумо содиқона хизмат мекунам». Пешвои муаззами миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон аз лаҳзаҳои аввали ба сари қудрат омадан то ба ин дам бо ҷонбозиҳо ва хизматҳои бемислу монанди хеш, борҳо собит намуданд, ки дар ҳақиқат ғамхору пуштибони халқу миллатанд. Осмони софу хандаи беғаши тифлакон ва тантанаву сурур аз ҳамин рӯз ибтидо гирифт ва бо азму иродаи фарзандони сарсупурдаи миллат устувору побарҷо гардид.
Чаро маҳз 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст?
Насли калонсол нағз дар ёд дорад, ки 6 ноябри соли 1994 бори нахуст дар таърихи 6 ҳазорсолаи миллати тоҷик, аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ бори нахуст Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Имсол 30-юмин солгарди ин рӯйдоди муҳими таърихиро дар мамлакат бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намудем. Дар ҳамон рӯз, яъне 6 ноябри соли 1994 инчунин интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Дар ҳамон интихобот Ҷаноби Олӣ бо аксарияти кулли овозҳо Президенти комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Рӯзи 16 ноябр ҳамчун Президенти тозаинтихоб савганд ёд намуда, ба иҷрои вазифаҳо шуруъ карданд ва дар мамлакат марҳилаи нави давлатдорӣ оғоз ёфт. Тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлоли Тоҷикистон, дар кишвар шакли нави идоракунии президентӣ ҷорӣ гардид.
Ҳангоми дар ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ ба фаъолият пардохтани Ҷаноби Олӣ, Тоҷикистон дар марҳилаи бисёр ҳасосу мураккаб қарор дошт. Кишвар ба хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини сулҳу суббот ва ваҳдату сарҷамъӣ ниёзманд буд. Рукнҳои давлатдорӣ муҳтоҷ ба барқароркунӣ буданд. Обру ва нуфузу мақоми Тоҷикистон мебоист дар арсаи байналмиллалӣ зина ба зина баланд бардошта шаванд. Ин ҳама ба салоҳиятнокиву фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаи ногусастанӣ дошт.
Дар тӯли солҳои сипаригашта муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлати тоҷикон исбот намуданд, ки шахсияти таърихӣ, абармарди дунёи сиёсат ва фарзанди фарзонаи миллатанд. Зеро тавассути сиёсати хирадмандона, заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ тавонистанд дар як муҳлати кӯтоҳи таърихӣ, сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва оромиву суботро таъмин, миллатро сарҷамъ ва кишвари ҷангзадаву харобгаштаро дар роҳи рушд қарор диҳанд. Пояҳои давлатдориро мустаҳкам созанд. Фарҳанги сулҳофаринро муҷиби ҳайрати ҷаҳониён гардонанд. Ҳамчун ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар саросари олам шуҳратёр шаванд.
Имрӯз кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби обруи бесобиқа гаштааст. Рушди мамлакат, ободию тинҷӣ ва сатҳи зиндагии мардум хеле боло рафтааст. Соли гузашта як ниҳоди бонуфуз бо номи «Гелап» аз Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, дар натиҷаи як назарсанҷӣ Тоҷикистонро амнтарин кишвари олам эълон намуд. Худ қазоват кунед ҳозирини гиромӣ, ки мамлакати ҳамагӣ беш аз 30 сол пеш ҷангзада, ба туфайли заҳматҳои шабонарӯзӣ, сафарҳои хатарнок, гуфтугӯҳои мусолиҳатомези Пешвои муаззаму хирадсолори миллат, имрӯз дар садри кишварҳои амни олам қарор гирифтааст. Ин дастоварди бениҳоят бузург аст ва бояд боиси шукргузории хурду бузурги ин сарзамини биҳиштосо бошад.
Бо назардошти хизматҳои болозикри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 15 апрели соли 2016 Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карданд. Тибқи ҳамин илова, шуруъ аз соли 2016 ҳамасола 16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни истироҳат таҷлил карда шуда истодааст.
Мардуми шарафманди Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷашни фархунда, чун рамзи садоқат ба Президент – садоқат ба Ватан ҷашн мегиранд.
Дар охир Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамаатон бори дигар шодбош гуфта, сарбаландию саодатмандӣ орзумандам.
Суханони худро бо мисраҳои зебои шеъри шоир ҳусни анҷом мебахшам:
Ҷавониро фидо кардам, диёрам то ҷавон бошад,
Гузаштам борҳо аз ҷон, ки ҷонаш дар амон бошад.
Чу аз ҳар ҷонибе сӯи Ватан боди хазон омад,
Баҳорамро сипар кардам, ки эмин аз хазон бошад..
Саломату сарбаланд бошед ҳамдиёрони азиз.