Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳамаи кормандони васоити ахбори оммаро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик табрику муборакбод мегӯяд.
Хушбахтона, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки эҳёгари таъриху фарҳанги миллати тоҷик ҳастанд, ҳоло рӯзи матбуоти тоҷик дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад.
Дар ҳақиқат санаи 11-марти соли 1912 дар Бухоро аввалин рӯзнома бо унвони “Бухорои Шариф” ба забони тоҷикӣ нашр шуд ва ин сана ҳамчун таърихи таваллуди матбуоти тоҷик ҳамасола дар кишвари азизамон ҳамчун Рӯзи матбуот ё худ рӯзи иди касбии рӯзноманигорон ҷашн гирифта мешавад. Ҳамзамон аз аввалин рӯзноманигорони тоҷик шахсиятҳои бонанги миллат ба мисли Мирзо Сироҷ ва Мирзо Муҳиддин, ки рӯзномаи “Бухорои Шариф”-ро омода ва нашр мекарданд ба некӣ ёд карда мешаванд.
Рӯзномаи “Бухорои Шариф” замоне рӯи чоп омад, ки он вақт авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар як ҳолати ноустувор қарор дошт ва дар нақшаҳои кишварҳои абарқудрат ва қудратҳои минтақавӣ барои миллати тоҷик ҷое боқӣ намонда буд. Таърих нишон дод, ки минбаъд низ фарзандони сарсупурдаи миллати тоҷик бо чи қадар ҷоннисориву азхудгузариҳо ба он даст ёфтанд, ки кишвари азизамон Тоҷикистон дар ибтидо ҳамчун кишвари худмухтор ва баъдан ҳамчун як субъекти мустақил дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ таъсис ёбад. Ин нуқтаи таърихиро ба он хотир ёдовар шудам, ки дар он замон низ нақши матбуот ва рӯзноманигорони ватандӯсти тоҷик ҳалкунанда ба ҳисоб мерафт. Ин равандро минбаъд афроди саршиноси миллат Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ ва дигарон идома дода, барои халқу Ватан хизматҳои шоёне анҷои доданд.
То замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи рӯзномаву телевизион ва радиоҳо ангуштшумор буданд. Имрӯз танҳо дар шаҳри Кӯлоб 2 нашрияи мақомоти иҷроия, 4 нашрияву журналҳои муассисаҳои таълимӣ, 1 шабакаи теелвизионӣ, 1 радио, инчунин намояндагии беш аз 20 расонаи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ кору фаъолият намуда истодаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ки дар рушди матбуоти миллӣ нақши беназир доранд, хеле хуб қайд кардаанд, ки: “Имрӯз матбуот ҳамқадами ҳаёт ва ҷузъи хеле муҳиму ҷудонопазири ҷомеаи озоду демократии мо буда, дар таъмини фазои иттилоотӣ ба шаҳрвандон дар интихоби дурусти мавқеъ ва дарёфти ҳақиқат имконияти васеъ муҳайё месозад”.
Солҳои охир бо ба тасвиб расонидани як идда амру фармонҳо, аз ҷумла Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нишастҳои матбуотӣ”, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидиву таҳлилӣ” аз ҷониби Пешвои муаззами миллатро метавон арҷгузорӣ ба кори рӯзноманигорон унвон кард. Ҳамчунин бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар барои рӯзноманигорон ҷоизаи “Абулқосим Лоҳутӣ” ташкил карда шудааст. Дар пайравӣ аз ин сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат 3 сол боз озмуни соҳавӣ байни рӯзноманигорон таҳти унвони "Беҳтарин муарификунандаи дастовардҳои шаҳри Кӯлоб" таъсис дода шудааст. Дар озмуни мазкур аз рӯи 4 номинатсия иштироки ҳамаи рӯзноманигорон новобаста аз оне, ки дар кадом ниҳоди хабарӣ кору фаъолият мекунанд, пешбинӣ карда шудааст.
Дар ин рӯзи фараҳбахш мехостам арз намоям, ки нақши қаламкашони шаҳри Кӯлоб дар рушди васоити ахбори оммаи тоҷик басо калон аст. Рӯзноманигорони мо бо навиштаҳо ва гузоришу барномаҳои худ миллати тоҷикро ҳамчун миллати сарбаланд ва соҳибтамаддун ба оламиён муаррифӣ мекунанд.
Бо ин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи кормандони васоити ахбори оммаро ба Рӯзи матбуоти тоҷик табрику муборакбод гуфта, дар зиндагӣ ва кору фаъолияташон комёбиву саодатмандӣ таманно мекунам.

Рӯзи матбуоти тоҷик муборак!

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP