Санаи 14 апрели соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр маҷлиси назди раиси шаҳр баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур иштирок доштанд: муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва дастгоҳи раис, сардорони раёсатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони васоити ахбори омма ва дигар шахсони масъул .
Нахуст раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, рӯзномаи маҷлисро ба ҳозирин шинос намуданд. Рӯзномаи ҷаласаи навбатии назди раиси шаҳри Кӯлоб масъалаҳои зеринро дар бар мегирифт: масъалаҳои кадрӣ, рафти амалишавии Лоиҳаи “Кам намудани талафоти нерӯи барқ дар вилояти Хатлон” дар шаҳри Кӯлоб; Пешниҳоди прократураи шаҳри Кӯлоб аз 3 марти соли 2025, №12/30940-25 ва аз 27 марти соли 2025, №12/28484-25, ҳамзамон пешниҳоди Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб аз 1 апрели соли 2025, №26.5-24 ва масъалаҳои ҷорӣ.
Тибқи масъалаи аввали рӯзномаи маҷлис дар мувофиқа бо Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонунов Исроил Юсуфович ба мансаби мудири шуъбаи сохтмон ва меъмории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, бо фармоиши раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалиев Толибҷон Шералиевич ба вазифаи сардори нозироти андоз дар шаҳри Кӯлоб, бо қарори раиси шаҳри Кӯлоб Қодирзода Мубориз Қодир ба вазифаи директори муассисаи давлатии сектори хусусии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Ҳақназарзода Ноҳира ба вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи “Навиди Кӯлоб” таъин карда шуданд.
Сипас дар доираи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис ҳисоботи Қаландаров Синдбод мутахассиси лоиҳаи “Кам намудани талафоти нерӯи барқ дар вилояти Хатлон” дар шаҳри Кӯлоб шунида шуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки мақсади лоиҳа дар умум кам намудани талафоти техникӣ ва тиҷоратии нерӯи барқ, тавассути қисман таҷдид намудани шабакаҳои тақсимотии барқ, ивази сутунҳо ва кабелу ноқилҳои фарсуда, таҷдиди зеристгоҳҳои трансформаторӣ, ивази дастгоҳҳои тақсимотии воридавии биноҳо ва қуттиҳои ҳисобӣ, бакордарории системаи зарурии муосири назорат ва баҳисобгирии нерӯи барқ, яънеи низоми Биллингӣ дар шаҳри Кӯлоб мебошад.
Ба баромадкунанда аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр оиди ҷузъиётҳои лоиҳаи мазкур, дуруст фаҳмондани тарзи истифодаи системаи Биллингӣ ба сокинон суол ва дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Вобаста ба масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис дар ҳузури намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Пешниҳоди прократураи шаҳри Кӯлоб аз 3 марти соли 2025, №12/30940-25 ва аз 27 марти соли 2025, №12/28484-25, ҳамзамон пешниҳоди Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб аз 1 апрели соли 2025, №26.5-24 мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд.
Дар доираи масъалаҳои ҷории рӯзномаи ҷаласа оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи самараноки заминҳои корам ва наздиҳавлигӣ, омодагӣ ба озмунҳои фаннӣ ва ҷумҳуриявии мактаббачагон ба масъулин аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр тавсия ва дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Вобаста ба масъалаҳои дар ҷаласаи мазкур зикргардида бо ба инобатгирии дархосту пешниҳодҳои иштирокчиён қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP