Имрӯз, 26-уми марти соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи фаврии назди раиси шаҳри Кулоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ба кормандони шуъбачаи БДА-и шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.
Дар арафаи ҷашни Наврӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва шахсони саховатпеша туйи домодию арӯсии 35 ҷуфт ҷавонон ва хатнасури 230 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд барпо карда шуд.
Дирӯз дар майдони Амфитеатри шаҳри Кӯлоб ба муносибати Наврӯзи байнаммилалӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти шаҳри Кӯлоб, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифхон Ҳакимзода, муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробуддин Қудрат,ва дигар меҳмонони аз гӯшаву канори гуногуни кишвар иштирок намуданд.
Дастгирии ятимону бепрасторон ва дигар оилаҳои ниёзмандон аз фазилатҳои неки инсонист, ки дар арафаи ҷашну маросимҳо дар кишварамон ба ҳукми анъана даромадааст.