Дар арафаи ҷашни Наврӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва шахсони саховатпеша туйи домодию арӯсии 35 ҷуфт ҷавонон ва хатнасури 230 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд барпо карда шуд.

hat2
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо пуштибонӣ аз сиёсати иҷтимоии Роҳбарияти Олии сиёсии мамлакат ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомҳои хайрхоҳона яке аз фазилатҳои ҷашни Наврӯз мебошад, ки аз ҷониби шахсони ҳимматбаланд ва ватандӯст роҳандозӣ гардид.

Тӯйи домодию арӯсии ин ҷавонони хуштолеъ идомаи дастгирии оилаҳои ниёзманд ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии онҳо буда, ин амали шоиста аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сурат гирифта минбаъд низ идома мекунад.

Ба ин оилаҳо ҷиҳози лавозимотҳои рӯзгор ва маблағҳои пулӣ супорида шуд. Дар ин радиф аз масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, намояндаи ҳукумати кишвар ва вилояти Хатлон ба оилаҳои навхонадорон дар вазияти тантанавӣ шаҳодатномаи ақди никоҳ тақдим карда шуд.

hat3


hat4

Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP