Имрӯз, 26-уми марти соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи фаврии назди раиси шаҳри Кулоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ба кормандони шуъбачаи БДА-и шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

har2
Масълаи меҳварии ҷаласа ин зери назорати доимӣ қарор додан ва ба танзим даровардани ҳаракати нақлиётҳои мусофиркаш ва боркаш, пешгирии қонунвайрокуниҳо дар ин самт, риояи ҳатмии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои нақлиётӣ, амалӣ намудани «Қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирон ва боғоҷ бо нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷиҳати ба талабот ҷавобгӯ намудани ҷамъиятҳои нақлиётӣ ва воситаҳои нақлиёти мусофиркашон дар шаҳр буданд.
Саравал, раиси шаҳри Кулоб Назарзода Бахтиёр Худоёр доир ба маслаҳои болозикр суханронӣ намуд.

har3
Дар ҷаласа гуфта шуд, ки бо назардошти кам будани шумораи кормандон, барои зиёд намудани кормандони шуъбачаи Бозрасии давлатии автомобилии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи зарурӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои 10 нафар корманд ба тариқи шартномавӣ ҷудо гардид.
- Бояд қайд намуд, ки яке аз масъалаҳои ҳалталаб дар соҳаи нақлиёт ин вазъи тамбашавии мошинҳо дар кӯчаҳои шаҳр, аз ҷумла дар хиёбони марказии шаҳр, бахусус назди Терминал ва бозорҳо ба шумор рафта, боиси бо мушкилӣ ҳаракат намудани нақлиёт ва шаҳрвандону меҳмонон гардидааст, - таъкид намуд зимни баромад муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён.
- Дар Терминали Кӯлоб тамоми шароитҳо барои мусофирону ронандагон фароҳам карда шуда, хонаи модару кӯдак, нуқтаи тиббӣ, 10 адад нуқтаи таъмири автомошинаҳо, ҷойи шустушӯии автомошинаҳо, меҳмонхона, перрон ва ошхона бо шароитҳои зарурӣ сохта мавриди истифода қарор доранд, - гуфт О. Ҳамидиён.
Тибқи таҳлили Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаи Кӯлоб нишон дод, ки 712 соҳибкорони бозорҳои шафати хиёбони И. Сомонӣ дорои автомошинаҳои шахсӣ буда, аксарияти онҳо автомошинаҳоро дар роҳи хиёбони И. Сомонӣ аз соати 7-00 то 18-00 мегузоранд, ки ин низ боиси мушкил гардидани ҳаракати нақлиёт шудааст. Бинобар ин, бояд кормандони шуъбачаи Бозрасии давлатии автомобилии шуъбаи Вазорати корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистонро чораҳои фаврии саривақтиро роҳандозӣ намоянду воситаҳои нақлиётро дар тавақуфгоҳ ҷойгир намоянд, зикр гардид дар ҷаласа.
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки барои рафъи мушкилии мавҷуда кормандони шуъбачаи Бозрасии давлатии автомобилии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд корҳои зерин ба анҷом расонанд:

har4
- зери назорати доимӣ қарор додан ва ба танзим даровардани ҳаракати нақлиётҳои мусофиркаш ва боркаш, пешгирии қонунвайрокуниҳо дар ин самт, риояи ҳатмии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои нақлиётӣ, махсусан дар байни ронандагони нақлиётҳои мусофиркашонӣ.
- амалӣ намудани «Қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирон ва боғоҷ бо нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати ба талабот ҷавобгӯ намудани ҷамъиятҳои нақлиётӣ ва воситаҳои нақлиёти мусофиркашон дар шаҳр намуди зоҳирии ягонаи воситаи нақлиёт, ҳисобкунакҳо, хадамоти танзимгарӣ ва ғайра.
- пешгирии ифлосшавии роҳҳои ҳудуди шаҳр аз техникаю механизмҳои дар сохтмонҳо коркунанда ва партобкашон ба роҳ мондани шустушӯи роҳҳо.

Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP