Дирӯз дар майдони Амфитеатри шаҳри Кӯлоб ба муносибати Наврӯзи байнаммилалӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти шаҳри Кӯлоб, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифхон Ҳакимзода, муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробуддин Қудрат,ва дигар меҳмонони аз гӯшаву канори гуногуни кишвар иштирок намуданд.

raisdarnavruz
Қабл аз оғози чорабинии фарҳангӣ нахуст меҳмонон аз намоиши дастовардҳои ҳунариву меҳанатии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, идораву ташкилот, донишгоҳҳо ва муассисаҳои гуногуни шаҳри Кӯлоб дидан намуда, ба дастандаркорон баҳои баланд доданд.
Сипас, тантанаҳои ҷашни наврӯзӣ дар майдони Амфитеатри шаҳр идома ёфт. Маросими расмии бахшида ба ҷашни наврӯзи байналмилали ба сухани ифтитоҳи Назарзода Бахтиёр, раиси шаҳри Кӯлоб оғоз гардид. Мавсуф иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба моҳияти таҷлили ин ҷашми фархундаи ниёгонамон таъкид карданд, ки «Тамаддуни халқи мо бо Наврӯз оғоз мегардад, яъне Наврӯз оғозгоҳи мардуми фарҳангии мо маҳсуб ёфта, аз давраҳои бостон то ба имрӯз бо беҳтарин арзишҳои худ ба зиндагии мо рангу таровати хосса мебахшад”. Бахтиёр Назарзода сокинони шаҳри Кӯлоб ва мардуми Тоҷикистонро бахшида ба ин ҷашни фархунда табрику муборакбод гуфта, ба ҳамаи онҳо хушбахтиву саодатмандӣ, баҳори неку файзбор, тандурустиву комёбии рӯзгор, муваффақияту музафариятҳои беназир ва дастархони фаровон аз неъматҳо орзу намуд.

jashni navruz2
Дар идомаи чорабинӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим суханронӣ намуда, зикр намуд, ки бо ҷаҳонӣ шудани Наврӯз мо, ворисони ин ҷашни бостониро водор месозад, ки дар баробари ифтихор кардан аз ин ойини дерин, барои минбаъд эҳё намудану ривоҷ додани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангии он бештар кӯшиш намоем ва ҷиҳати ба аҳли башар боз ҳам беҳтар муаррифӣ намудани фазилатҳои инсонпарваронаи Наврӯз пайваста саъю талош варзем.
Ҳамчунин Вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифхон Ҳакимзода баромад намуда, қайд намуд, ки Воқеан ҳам, ҷавҳари таърихиву фарҳангии ҷашни Наврӯзро саодату пирӯзии аҳли башар ташкил дода, дар тӯли қарнҳои зиёд инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд. Аз ҳамин лиҳоз, ин падидаи асили фарҳанги миллӣ дар ягон давру замон куҳнашавиро напазируфта, ҳамқадаму ҳамқисмати мардуми мо боқӣ мондааст. Баъдан муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробуддин Қудрат зимни табрикот ба сокинони шаҳри Кӯлоб иброз дошт, ки ҷашни Наврӯз бо фарогирии унсурҳои фарҳангию иҷтимоӣ ва ғояҳои неки инсондӯстонааш дар байни сокинони ноҳияву вилоятҳои мухталифи кишвар ва дар миёни тоҷикони бурунмарзӣ тӯли садсолаҳо дорои тобишу ҷилваҳои рангин гаштааст. Сокинони минтақаҳои Тоҷикистон, бахусус вилояти Хатлон, ин ҷашни ниёгонро бо расму одатҳои хос таҷлил менамоянд, ки аз ғановати фарҳангии миллати мо далолат мекунад.

jashni navruz3
Дар идомаи чорабинии идона барномаи фарҳангии бахшида ба Наврӯзи байналмилал таҳти унвони «Анвори Наврӯзӣ» аз ҷониби аҳли ҳунари шаҳри Кӯлоб ва фарҳангиёни кишвар пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз ҳунармандони Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб ва ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ Гулчеҳра Содиқова, Давлатманд Холов, Ҷовидони Нозим, Нишонаи Рустам, Соҳиба Давлатшоева, Ҳасаншои Бадахшонӣ, Хиробон Қурбонова, Маҳмадалӣ Аюбӣ, Амриддин Кабирӣ ва дигар ҳунармандон таъби ҳозирон шод шод намуданд.

jashni navruz4

Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP