Дастгирии ятимону бепрасторон ва дигар оилаҳои ниёзмандон аз фазилатҳои неки инсонист, ки дар арафаи ҷашну маросимҳо дар кишварамон ба ҳукми анъана даромадааст.
Дар пайравӣ аз ташаббусҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар иду ҷашнҳо ба табақаи эҳтиёҷманди шаҳри Кӯлоб кӯмакҳои гуногун мерасонад.
Ин навбат дар арафаи ҷашни фархундаи Наврӯз аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ёрирасони №1 як миқдор орд, равған, шакару биринҷ, гушт, пиёз, картошка, шириниҳо, инчунин кумаки молиявӣ низ расонида аз вазъи шароитҳои истироҳату фароғати тарбиятгирандагон боздид ба амал оварданд.
Зимни вохӯрӣ бо тарбиятгирандагони ин муассиса раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр иброз дошт, ки ятимону бепарасторон ва шахсони ниёзманд зери таваҷҷуҳи бевоситаи Роҳбарияти Олии кишвар махсусан, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Сарвари давлат пайваста ба шахсони яккаву танҳо, табақаи эҳтиёҷманди кишвар, ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон мерасонанд, ки ин яке аз фазилатҳои неки инсонӣ ба шумор меравад.
Ҳамчунин дар ин рӯз роҳбарияти шаҳр ба аёдати 14 –нафар нафар собиқадорони меҳнат, ки як қисми намояндагони русзабон ва дигар миллатҳоро ташкил медод, онҳоро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фарорасии Наврӯзи оламафрӯз табрик намуд.
Сипас, ба собиқадорони меҳнат барои тарбияи насли наврас, пешбурди сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат кӯмакҳои молиявӣ ва маводҳои яквақтаи хӯрока дастрас намуда бо сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ карда шуд.
Иқдомҳои хайру савоб боиси хушҳоливу рӯҳбаландии ятимону бепарасторон, собиқадорони меҳнат ва оилаҳои ниёзманд гардида, онҳо миннатдории самими худро ба роҳбарияти давлату ҳукумат махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб