Инчунин, изҳор гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва зери сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 4 май рӯзи касбии кормандони мақомоти андоз ҷашн гирифта мешавад.
Таъкид гардид, ки соҳаи андоз яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва калидӣ ба шумор рафта, ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурӣ қарор дорад. Бе соҳаи андоз ҳеҷ як давлат тараққӣ карда наметавонад. Рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳар як давлат аз устувории пардохти андозҳо вобастагии калон дорад. Дар идомаи чорабинӣ роҳбарият ва собиқадорони соҳаи андози шаҳр баромад намуда, аз раванди кор дар Нозироти андоз ва роҳҳои тай намудаи он дар даврони соҳибистиқлолии кишвар маърӯзаҳо пешниҳод намуданд.
Чунон, ки ҳамагон воқиф ҳастед дар саросари кишвар мардум ба ҷашни бузургӣ миллат 35-солагии Истиқлолияти давлатии Точкистон омодагӣ гирифта истодаанд. Албатта, мо ҳам бояд ин санаи муҳташамро бо дастовардҳои назаррасӣ меҳнатӣ пешвоз гирем. Бояд ҳамаамон камари ҳиммат баста, корҳои созандагиву ободониро аз хонаву дари худ оғоз карда кушиш кунем, ки кӯчаву маҳаллаҳоямон то он рӯз қабои идона ба бар кунанд.
Боз як масъалаи муҳим ва ҳалталаби рӯз он аст, ки нархи маводҳои ниёзи аввал дар ҷаҳон боло рафта истодааст. Ҳоло зарурият аст, ки ҳар як ваҷаб замин самаранок истифода ва ду се ҳосил руёнида шавад. Аз ин рӯ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба ин масъала диққати ҷиддӣ диҳед ва дастурҳои Сардори давлатро дар хусуси захираи дусолаи маводи ғизоӣ иҷро намоед.
Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи Шумо – ҳозирини гиромӣ ва тамоми мардуми ин сарзамини овозадору меҳмоннавозро бори дигар ба муносибати иди сайиди Фитр муборакбод гуфта, бароятон аз даргоҳи Илоҳӣ хонаи обод, дастархони пурнозу неъмат, имони комилу тандурустӣ ва ҷомаи амал пушидани ҳама орзуву омолҳоро таманно дорам.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.