Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистони санаи 15 май ҳамчун рӯзи байналмилалии оила бо тантана ҷашн гирифта мешавад.
Санаи 13- майи соли равон дар толори Қасри фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳими шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила таҳти унвони “Оила- асоси пешрафт ва устувории давлат аст” чорабинии идона баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо иштироки муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳомидиён Орзу, Сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон Сафарзода Зинатбӣ, оилаҳои намунавӣ, ботаҷриба, рӯзгордида, фаъолзанон ва ҷавондухтарон ҳамчунин дигар шахсони фаъолу кордон доир шуд.
Нахуст меҳмонон намоиши ҳунарҳои мардуми ва аз даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан», ки дар саҳни қаср ба намоиш гузошат шуда буд, дидан намуданд. Гуфта шуд, ки мақсади асосии баргузории фестивал ин баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Сипас, аз ҷониби муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳомидиён Орзу табрикотӣ раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила саҳми ҳамагон расонида шуд.
Гуфта шуд, ки ба ҳамаи мову шумо маълум аст, ки оила сарчашмаи тарбияи маънавии инсон маҳсуб ёфта, маҳз аз муҳити солими он, муносибати минбаъдаи ҳар як шахс ба ҷамъият муайян мешавад. Тоҷикон аз қадимулайём фарҳанги бузурги оиладорӣ дошта, тавассути урфу одат ва суннату анъаноти худ онро ба оламиён муаррифӣ кардаанд.
Дар идомаи чорабини Сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят Сафарзода Зинатбӣ, низ баромад намуда афзуд, ки фарҳанги оиладорӣ ва тарбияи фарзандони хонаводаи шоҳони тоҷиктабор, ки ҳамчун намунаи беҳтарини ахлоқ ва маърифати инсонӣ шинохта шуда аст.
Ҳамчунин дар идомаи чорабинӣ оилаи Талаб Нозимов, дар назди ҳозирин доир ба роҳҳои тайнамудаи оиладории хеш ва мақоми оилаву оиладорӣ баромад намуданд.
Дар ин рӯз ба як қатор оилаҳои намунавӣ, ботаҷриба ва рӯзгордида аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои саҳми арзанда гузоштан дар тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарварию хештаншиносӣ, тарғиби риояи оинҳои миллӣ таҳкими оила , тарбияи хуби фарзандон шахсони фаъол сипоснома, раҳматнома ва ҳамчунин туҳфаҳои хотиравӣ дар вазъияти хотирмон тақдим гардид.
Дар интиҳои чорабинӣ барномаи фарҳангии бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва дигар ҳунармандон пешкаши меҳмонон гардонида шуд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҳамдиёрони азиз!
Бо эҳсоси хушнудӣ аз истиқболи Рӯзи байналмилаллии оила, ки ҳар сол 15 май дар саросари кишвари азизамон ҷашн гирифта мешавад, Шумо ва дар шахси Шумо тамоми мардуми шарифи Кӯлобро ба ин муносибат табрику таҳният гуфта, бароятон дар кор ва зиндагии оилавиатон барору комёбиҳо орзумандам.
Дӯстони азиз!
Ба ҳамаи мову шумо маълум аст, ки оила сарчашмаи тарбияи маънавии инсон маҳсуб ёфта, маҳз аз муҳити солими он, муносибати минбаъдаи ҳар як шахс ба ҷамъият муайян мешавад. Тоҷикон аз қадимулайём фарҳанги бузурги оиладорӣ дошта, тавассути урфу одат ва суннату анъаноти худ онро ба оламиён муаррифӣ кардаанд. Фарҳанги оиладорӣ ва тарбияи фарзандони хонаводаи шоҳони тоҷиктабор, ки ҳамчун намунаи беҳтарини ахлоқ ва маърифати инсонӣ шинохта шуда аст, ҳанӯз аз дарбори шоҳ Ҷамшед манша гирифта ба сулолаи бузурги Сомониён ва то имрӯзи мо ҳамчун мерос омада расида аст.
Ин ананаи нек дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби Сарвари оқилу донои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ёфта, барои эҳёи суннатҳои бузурги оиладорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», ки ба хотири тақвият бахшидани раванди тарбия дар оила нигаронида шуда аст, гувоҳи гуфтаҳои болост. Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиларо ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеъа номида, муҳити созгор ва солимии онро омили пешрафт ва рушди ҷамъият маънидод мекунанд.
Дар баромади худ муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон нақши оиларо дар пешбурди сиёсати давлат муҳим ҳисобида, қайд карданд, ки «Тарбияи фарзанди солим, бомаърифату соҳибмаълумот, ватандӯсту ватанпараст ва бонангу номус вазифаи муҳим ва муқаддаси оила мебошад».Ҳамзамон зимни баромади дигарашон Пешвои маҳбуби миллат таъкид доштанд, ки имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар балки сиёсатмадори шинохта, олими нуқтасанҷ, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, донишманди асил, ҳимоятгари ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, деҳқони асил, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад.
Боиси тазаккур мебошад, ки имрӯз дар шаҳри Кӯлоб тибқи маълумоти оморӣ 222 ҳазору 500 нафар аҳолӣ зиндагӣ дорад, ки аз ин 110 ҳазору 400 нафари онро занон ташкил медиҳад.
Айни ҳол дар соҳаи тандурустӣ 2008 нафар , маориф 3307, фарҳанг 127 занону ҷавондухтарон фаъолияти пурсамар доранд.
Ногуфта намонад, ки имрӯз дар шаҳри Кӯлоб шумораи оилаҳои намунавӣ кам нестанд. Аз ҷумла, оилаи Талаб Нозимов, Зариф Валиев, Искандар Хоҷаев, Сайвалӣ Ёқубов, Шодӣ Холназаров ва даҳҳо оилаҳои дигарро метавон ном бурд, ки дар рушду пешрафти ҷомеа саҳми босазои хешро гузоштаанд ва ин аз сиёсати ғамхоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шумо, ҳамдиёрони азизро, ба муносибати Рӯзи байналмиллалии оила табрику таҳният гуфта, бароятон саодати рӯзгор ва хонаи ободро таманно дорам.
Саломату сарбаланд бошед!
Субҳи 15-уми майи соли равон дар шаҳри Кӯлоб «Рӯзи дави миллӣ» баргузор гардид.
Дар он Роҳбарияту кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, варзишгарон, наврасону ҷавонон, ташкилоту муассисаҳо дар «Рӯзи дави миллӣ» бо ифтихори баланди ватандорӣ фаъолона иштирок намуданд.
Нахуст, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу дар назди ҳозирин баромад намуда, изҳор дошт, ки ҳамасола бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доираи рӯзи ҷавонон дар саросари кишвар «Рӯзи дави миллӣ» таҷлил карда мешавад.
Гуфта шуд, ки Роҳбарияти давлату Ҳукумат тарбияи ҷисмонӣ ва таҳкими тарзи ҳаёти солимро дар меҳвари сиёсати иҷтимоии худ қарор додааст. Бо такя ба сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат ба хотири таъмини идеяи миллати солим ва ҷалби ҳарчӣ бештари ҷомеа ва варзиш Ҳукумати кишвар марҳила ба марҳила ба таҳкими санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ корҳи муайянеро дар самти рушди варзиш ба анҷом расонидааст.
Ҳамин тавр, бо ишораи устодони варзиш марафони велосипедронӣ , сипас иштирокчиён ба дави миллӣ дар масофаи 3км оғоз гардид.
Дар охир ба иштирокчиён ва ғолибони марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ барои иштироки фаъолона бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии бахши кор бо ҷавонон вар варзиши шаҳри Кӯлоб сарфароз гардиданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Санаи 9 майи соли равон дар майдони Боғи Ғалабаи шаҳри Кӯлоб ба ифтихори 77- солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои солҳои 1941-1945 чорабинии идона бо иштироки раиси шаҳр Бахтиёр Назарзода, намояндагони мақомоти ҳифҳи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар шахсони фаъол баргузор гардид.
Нахуст, аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, масъулону кормандони касбу кори гуногун ба хотири поси қаҳрамонони ҷангу меҳнат, афсарону сарбозон ва онҳое, ки ҷони хешро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор намуданд гулчанбар гузошта, лаҳзае хотираи шаҳидони Ватанро пос доштанд.
Чорабинии идона бахшида ба 77- солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо сухани муқаддимавии раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ифтитоҳ гардида, собиқадорони ҷангу меҳнат ва кулли сокинонро ба ин санаи фархунда табрик намуда, иброз дошт, ки рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои насли ҷавони имрӯза ва ояндаи кишвар дарси матонату ҷавонмардӣ буда, то абад гиромӣ дошта мешавад. Зеро он нишонаи олии ватандӯстиву фидокорӣ ва сабақи бузурги шуҷоату мардонагӣ ба хотири ҳимояи Ватан ба ҳисоб меравад. Боиси ифтихори мост, ки беш аз 300 ҳазор нафар ҷавонмардони далери Ватани мо низ дар набардҳои шадиди ҷанги дуюми ҷаҳон мардонагиву шуҷоати бемисл нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафари онҳо дар ҷанг ҳалок шудаанд. Номи нек ва корнамоиҳои онҳо дар сафҳаи таърих бо хатҳои заррин сабт гардида, ҳеҷ гоҳ хизматҳои онҳо фаромӯш намешаванд.
Зикр гардид, ки гиромӣ доштани хотираи таърихӣ аз Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар ин росто ҳимояи манфиатҳои ҷомеа, ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт кардани сулҳу субот, оромиву осудагӣ ва амнияти давлат ин қарзи имониву виҷдонии ҳар яки мо мебошад. Аз ин лиҳоз месазад, ки наслҳои имрӯзаро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, ободкориву созандагӣ ва сулҳпарварию башардӯстӣ тарбия намоем.
Инчунин дар идомаи чорабинӣ Сардори қисми минтақавии Рёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб Генарал Маюр Давлатзода Раҳмон, Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати дар минтақаи Кӯлоб Исмоизода Сайдмурод ва ҳамчунин иҷрокунандаи вазифаи Раиси кумитаи кор бо ҷанговарони башардӯсти шаҳру минтақаи Кӯлоб Палковник Бахтиёр Раҳмонов ва дигарон бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои худ дар назди ҳозирин баромад карда иброз аз он доштанд, ки сокинони сарбаланди тоҷик, ки даҳшати ҷангро ҳатто дар дохили мамлакат дидаанд, ба қадри сулҳу оромӣ мерасанд ва ҳамеша шукр аз он мекунанд, ки имрӯз дар Ватани ором ва фазои сулҳу суботи пойдор умр ба сар бурда истодаанд.
Дар ин рӯз ба як қатор собиқадорони меҳнат ва дигар шахсони фаъол сипоснома, ифтихорнома ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ гардиданд.
Дар қисмати охири чорабинӣ барномаи театрикунонидашудаи бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва дигар ҳунармандон пешкаши меҳмонон гардонида шуд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб