Санаи 28 майи соли равон дар толори Қасри фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳими шаҳри Кӯлоб Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Нақши оилаҳои фарҳангӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ” баргузор гардид.
Дар Конференсияи мазкур раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, намояндаи вилояти Хатлон Ҳақназарзода Зулайхо, собиқадорони соҳаи фарҳанг ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.
Нахуст, меҳмонон аз намоиши расмҳои ҳунармандони машҳури Хатлонӣ, асбобҳои мусиқии халқӣ ва маводҳо аз ҳаёт ва фаъолияти Корманди шоистаи Тоҷикистон, собиқадори соҳаи фарҳанг Зариф Валиев, ки дар даромадгоҳи Қасри фарҳанг ба намоиш гузошта шуда буд дидан намуданд.
Сипас, Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр баромад намуда, иброз доштанд, ки дар арафаи истиқбол аз 25- солагии Ваҳдати миллӣ ва оилаҳои фарҳангие, ки дар таҳкими ваҳдати миллӣ саҳм гузоштаан қадршиносӣ намоем. Аз чунин оилаҳои фарҳангии шаҳри Кӯлоб, ки намунаи олии садоқат ба Ватан, муҳаббат ба касбу кор ва рафоқат ба ҳамдигар ҳастанд, оилаи Валӣ Зариф ва ҳамсарашон Тоҳирова Гулизор мебошанд. Қайд гардид, ки Зариф Валиев ҳамчун шахсияти баруманди кишвар ва арбоби ҳунар як умр ҳамроҳи аҳли оилааш барои рушду нумӯи фарҳанги миллӣ, муаррифии унсурҳои таърихиву ҳунарии мардуми шаҳри Кӯлоб ва тарғиби арзишҳои волои санъати халқи тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ хизмат карда истодааст.
Ҳамчунин, намояндаи вилояти Хатлон Ҳақназарзода Зулайхо суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки Зариф Валиев дар давраи фаъолияти кориаш дар рушду нумӯи фарҳанги миллати тоҷик саҳми арзанда гузошта бо тавсия, пешниҳод ва дастгириҳои вай даҳҳо нафар ҳунармандон дар собиқ вилояти Кӯлоб сазовори унвонҳои фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидаанд.
Дар идомаи чорабинӣ, ба Корманди шоистаи Тоҷикистон Зариф Валиев ва ҳамсараш Гулизор Тоҳирова барои саҳми арзанда гузоштан дар рушду нумӯи ҳунарҳои мардумӣ, эҳёи арзишҳои бостонӣ, арҷ ниҳодан ба таъриху асолати ниёгон ва хизмат ҳои арзишанд дар соҳаи фарҳангу ҳунар Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тақдим карда шуд.
Дар охир, аҳли фарҳанги шаҳри Кӯлоб барномаи омоданамудаи ҳунарии хешро ба меҳмонон пешкаш намуданд.
Бахши матбуотии МИҲД-им шаҳри Кӯлоб
Бо мақсади амалигардии ҳадафи чоруми старатегии кишвар- саноатикунонии босуръати мамлакат ва эълон гаштани соли 2022 “Соли рушди саноат ва роҳҳои обод”дар шаҳри Кӯлоб санаи 27 майи соли равон, дар минтақаи саноатии “Кӯлоб” вохӯрии раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бо роҳбарону соҳибмулкони корхонаҳои саноатӣ ва корхонаҳои сохташаванда баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ бо саноатчиён раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр суханронӣ намуда иброз доштанд, ки бо дастгирию ғамхории бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди саноати шаҳр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина ба кор ҷалб намудан ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии шаҳри Кӯлоб тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.12.2014, №809 дар майдони 6,9 га минтақаи саноатӣ таъсис дода шуд. Таъкид, гардид, ки дар ҷавоб бо ин ҳама дастгириҳои Роҳбарияти Олии мамлакат месазад, ки дар пешрафти шаҳри азизамон саҳми арзандаи хешро гузорем.
Сипас, иҷрокунандаи вазифаи Прокурори шаҳри Кӯлоб Ғоибназарзода Атохӯҷа вобаста ба паҳлуҳои ҳуқуқии рушди соҳибкорӣ ва истифода босамар аз минтақаи саноатӣ суханронӣ намуданд.
Дар охир ба масъулин ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нақшаҳои солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” ва беҳтар намудани корҳои сохтмонӣ дар ин самт дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Санаи 26 майи соли равон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа оид ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва дигар намояндагони касбу кори гуногун даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯги маърифат” баргузор гардид.
Пеш аз оғози озмун муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу суханронӣ карда, таманниёти роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба кулли иштирокчиён изҳор намуд, қайд гардид, ки озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯги маърифат” бо дастгирӣ ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гардида истодааст.
Сипас, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Мирализода Абдусалом Мустафо баромад намуда, ба ҳамаи иштирокчиён барору комёбиҳо таманно намуд.
Дар охир, иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯги маърифат” аз рӯи номинатсия ва тибқи номинатсия оғоз гардид.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Имрӯз, 25 майи соли равон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ бо мақсади рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълим, иштироки фаъолонаи хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои “Илм фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” инчунин омодагӣ ба имтиҳоноти давлатӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба номи Сафармуҳаммад Аюбии шаҳри Кӯлоб семинар-машварат баргузор гардид.
Дар семинар- машварати муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу, Ғаффорзода Давлатҷон мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб, масъулину кормандони соҳаи маориф ва директорони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок доштанд.
Нахуст, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки маориф яке аз самти муҳимми ҷомеа ба шумор рафта, пайваста таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои бевоситаи Роҳбарияти Олии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва имрӯз бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои маҳбуби миллат дар саросари кишвар, озмунҳои ҷумҳуриявии Илм фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ташкил гардида, шавқу рағбат ва қобилияту истеъдодҳои кулли ҷомеа ва таҳсили хонандагон ба маротиб беҳтар гардида истодааст.
Дар охир муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу ба масъулину кормандони соҳаи маориф, директорони муассисаҳои таълимии шаҳр барои дар сатҳи баланд баргузор намудани озмунҳои дар пеш истода дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб