Санаи 7 майи соли равон дар доираи муносибатҳои дуҷонибаи  дӯстӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳайати меҳмонон аз давлати Аморати  Муттаҳидаи Араб ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд. 

Ҳайати  меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр роҳбрияти шаҳр Бахтиёр Назарзода ва дигар масъулони соҳаи тиб самимона истиқбол намуданд.
Баъди истиқболи меҳмонон дар даромадгоҳи шаҳр   ҳайати мазкур дар муаррифии намоиши клиникаи сайёри тиббӣ ширкат варзиданд.
 rais bo mehmonon
Намоиши техникаи клиникаи сайёр бо сухани ифтитоҳии  муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Матлубахон Сатториён оғоз ёфта,  оиди моҳияти татбиқи лоиҳаи мазкур дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ибрози андеша намуд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллоҳзода   ба сухан баромада оид ба ҳамкориҳои муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Аморати  Муттаҳидаи Араб  дар самти рушди соҳаи тандурустӣ ёдовар намуд.
 
Дар идома, мудири бахши барномаҳои башардӯстонаи Муассисаи корҳои башардӯстонаи шоҳ Абдуллоҳ инжинер Абдулазиз ал-Ҷинфовӣ, Сафири Ходими Ҳарамайни Шарифайн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон, дар назди ҳозирин баромад карда, аз натиҷаҳои лоиҳаи мазкур изҳори умедворӣ намуда  таъкид доштанд, ки татбиқи лоиҳаи   дар раванди солимгардонии ҷомеа ва беҳдошти сиҳатии омма нақши муассир хоҳад гузошт.
Ичунин дар чорабинӣ   раиси шаҳри Кулоб Назарзода Бахтиёр Худоёр баромад намуда   чунин баён дошт: “Боиси  ифтихор ва шукургузории мардуми сарбаланди Тоҷикистон аз ҷумла мардуми  шарафманди шаҳри Кӯлоби бостонӣ мебошад, ки бо ташаббусу ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ дар кишвар сол то сол тақвият ёфта истодааст, ки ин ба солимии ҷомеа нақши босазои худро гузошта истодааст.
mehmononi arabi
Дар баробари  сиёсати дохилии пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон дар доираи сиёсати хориҷии «Дарҳои боз» шарикони рушд бо мо дар самту соҳаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ ҳамкориҳои судманд намуда истодаанд.”    
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  бо нишони қадрдонӣ ва таҳкими робитаҳои дӯстона   ба меҳмонон тоқӣ ва дигар туҳфаҳои дорои рамзи миллиро тақдим намуданд.
Дар охир масъулони клиникаи сайёри тиббӣ техникаи тиббии хешро ба меҳмнон ва сокинон муаррифӣ намуданд.
  
  Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
 
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP