Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша барои солимии ҷомеа, инчунин пешгирии интиқол ва пайдоиши бемориҳои сироятӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Ин навбат бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба хотири паҳн нагардидани бемориҳои сироятӣ маъракаи поккорӣ бомаром идома дорад.
Ин тадбирҳо аз ҷониби сохтори марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз ҷумла корхонаи фаръии давлатии истеҳсолии истифодабарии манзил бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва таъмини солимии шаҳрвандон роҳандозӣ гардида, нахуст он дар ҷойҳои ҷамъшавии шаҳрвандон, кӯчаву хиёбон ва хонаҳои баландошёна гузаронида шуданд.
Бояд гуфт, ки корҳои поккорӣ дар хонаҳои баландошёнаи маҳаллаҳои Борбад, Шамсиддин Шоҳин амалӣ карда шуда дар маҳаллаҳои Исмоили Сомонӣ, Ҳофизи Шерозӣ корҳо дар ин сат идома дорад. Безараргардонии навбатӣ дар кўчаву хиёбон ва маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб бо фарогирии 80кг маводҳои гипохлориди натрий сурат гирифт, ки он барангезандаи бемориҳои сироятӣ дар муҳитро нобуд месозад.
Тазаккур бояд дод, ки бо дастуру супоришҳои Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб минбаъд низ гузаронидани чунин корҳои безараргардонӣ дар дигар маҳаллаҳо низ роҳандозӣ карда мешавад.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ватандӯстиву хештаншиносии наврасону ҷавонон, огаҳӣ пайдо намудан аз таъриху фарҳанги ҳазорсолаи миллати тамадунофари тоҷик, ҳамчунин ба хотири омӯзиши ҳатмии китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров санаи 24 майи соли равон дар китобхонаи вилоятӣ ба номи Садриддин Айнии шаҳри Кӯлоб конфренсияи илмӣ баргузор гардид.
Дар конфренсияи мазкур Ғаффорзода Давлатҷон мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб, директори Генералии Муассисаи давлатии “Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб Асозода Ҳотамшо, инчунин омӯзгорон ва дигар фаъолони шаҳри Кӯлоб иштирок доштанд.
Нахуст, меҳмонон аз намоиши осори гаронбаҳои аллома Бобоҷон Ғафуров дидан намуданд.
Сипас, Ғаффорзода Давлатҷон мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар яки мо мебошад, ки китоби «Тоҷикон»-и Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлоқлияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди зиёд интишор гардид ва имрӯз дар ҳар як хонадони миллати тоҷик дастрас гардидааст.
Дар идома директори Генералии Муассисаи давлатии “Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб Асозода Ҳотамшо баромад карда, қайд доштанд, ки китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров аз соли нашр зуд дар доираҳои бонуфузтарин илми ҷаҳонӣ эътироф гашта, ҳамчун як асари барҷаставу бунёдӣ дар илми таърих шинохта шуд. Дар пайравӣ ба ин асари бузург донишмандони зиёде кӯшиданд, ки китобе оид ба таърихи халқи худ биофаранд ва дар ин замина асарҳои фаровоне ба нашр расиданд, вале «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ягонаву беназир боқӣ монд.
Ҳамчунин, дигар иштирокчиён оиди нақши китоби “Тоҷикон”и академик Бобоҷон Ғафуров дар даврони истиқлолият ибрози андеша намуданд.
Тазаккур бояд дод, ки баргузории чунин конфренсия минбаъд низ дар дигар ташкилоту муассиса бо иштироки олимони таърихшинос баргузор мегардад.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ, дар давраи истиқлолият дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.11.2011, №511 майдони 32 гектар заминҳои кишоварзии шаҳри Кӯлоб ба фонди замини наздиҳавлигӣ гузаронида шуд.
Тибқи иттилоъ дар марҳилаи аввал дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ҷамоати деҳоти Даҳанаи деҳаи Мирнишин ба 150 нафар эҳтиёҷмандон ба майдони 0,05 га замини наздиҳавлигӣ муайян гардидааст. Бояд зикр намуд, ки заминҳои наздиҳавлигӣ дар асоси аризаҳои пешниҳодкардаи сокинон ба аҳолӣ тақсимбандӣ карда шуда, дар наздикатарин фурсат тақсимоти он дар деҳаи мазкур оғоз мегардад.
Дар баробари ҷудо гардидани қитъаҳои наздиҳавлигӣ инчунин бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии сокинон дар деҳаи Мирнишини ҷамоати деҳоти Даҳана корҳои ободониву созандагӣ ва азнавсозии роҳҳо бо маром идома дорад.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҳамасола 23 май дар саросари кишвар Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил мегардад.
Бо ин мақсад санаи 20 майи соли равон дар толори Қасри фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳими шаҳри Кӯлоб чорабинии идона баргузор гардид.
Нахуст меҳмонон аз намоиши дастовардҳои ҷавонон, ки дар даромадгоҳи Қасри фарҳанг ба намоиш гузошта буд дидан намуданд.Сипас раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ҳамаи ҷавонони Тоҷикистон бахусус ҷавонони Кӯлобшаҳри бостониро ба ин муносибат табрик намуда изҳор дошт, ки ҷавонон дар ҳама давру замон нерӯи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб меравад ва мардуми шарафманди Тоҷикистон аз ҷумла насли ҷавон имрӯз зери сиёсати хирадмандонаву сулҳпарварона ва ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагии осуда ва фаъолияти пурсамар бурда истодаанд.
Дар идомаи чорабини як қатор ҷавонони фаъоли шаҳру деҳоти Кӯлоб бобати дастгириҳои бевоситаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон, махсусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сулҳу субот ва рушду нумӯи ҷомеа дар маърузаҳояшон бо факту далелҳои амиқ баромад намуданд.
Ҳамчунин, дар ин лаҳзаҳои хотирмон ба ҷавонони фаъоли ташкилоту муассисаҳои шаҳр Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии роҳбарияти шаҳри Кӯлоб тақдим карда шуд.
Дар хотима аҳли фарҳанги шаҳри Кӯлоб барномаи театрикунонидашудаи худро пешкаши меҳмонону ҷавонони чорабинӣ намуданд.