Имрӯз, 4 майи соли равон дар толори маҷлисгоҳи Нозироти андози шаҳри Кӯлоб бахшида ба рӯзи касбии кормандони мақомоти андоз чорабинии тантанавӣ таҷлил гардид.  

   Дар чорабинӣ раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, муовинони раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаҳо, роҳбарияту  кормандони Нозироти андози шаҳр, кормандони Раёсати молия,  намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони масъул ширкат карданд.

   Нахуст, роҳбарияти шаҳр кормандони мақомоти андозро ба рӯзи касбиашон табрик намуда, дар ҷамъоварии бенуқсони андозҳо ва ғанисозии буҷети давлатӣ барору муваффақият таманно намуд.

pervoy

   Инчунин, изҳор гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва  зери сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 4 май рӯзи касбии кормандони мақомоти андоз ҷашн гирифта мешавад.

   Таъкид гардид, ки соҳаи андоз яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва калидӣ ба шумор рафта, ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурӣ қарор дорад.  Бе соҳаи андоз ҳеҷ як давлат тараққӣ карда наметавонад. Рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳар як давлат аз устувории пардохти андозҳо вобастагии калон дорад. Дар идомаи чорабинӣ роҳбарият ва собиқадорони соҳаи андози шаҳр баромад намуда, аз раванди кор дар Нозироти андоз ва роҳҳои тай намудаи он дар даврони соҳибистиқлолии кишвар маърӯзаҳо пешниҳод намуданд. 

vtoroy

  Дар охир аз тарафи масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба кормандони Нозироти андоз ба хотири саҳми арзанда гузоштан дар иҷрои босифати андозҳои давлатӣ ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ бахшида ба рӯзи кормандони Мақомоти андоз бо сипоснома ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.

 
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP