Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистони санаи 15 май ҳамчун рӯзи байналмилалии оила бо тантана ҷашн гирифта мешавад.

Санаи 13- майи соли равон дар толори Қасри фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳими шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила таҳти унвони “Оила- асоси пешрафт ва устувории давлат аст” чорабинии идона баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо иштироки муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳомидиён Орзу, Сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон Сафарзода Зинатбӣ, оилаҳои намунавӣ, ботаҷриба, рӯзгордида, фаъолзанон ва ҷавондухтарон ҳамчунин дигар шахсони фаъолу кордон доир шуд.

Нахуст меҳмонон намоиши ҳунарҳои мардуми ва аз даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан», ки дар саҳни қаср ба намоиш гузошат шуда буд, дидан намуданд. Гуфта шуд, ки мақсади асосии баргузории фестивал ин баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Сипас, аз ҷониби муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳомидиён Орзу табрикотӣ раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила саҳми ҳамагон расонида шуд.

Гуфта шуд, ки ба ҳамаи мову шумо маълум аст, ки оила сарчашмаи тарбияи маънавии инсон маҳсуб ёфта, маҳз аз муҳити солими он, муносибати минбаъдаи ҳар як шахс ба ҷамъият муайян мешавад. Тоҷикон аз қадимулайём фарҳанги бузурги оиладорӣ дошта, тавассути урфу одат ва суннату анъаноти худ онро ба оламиён муаррифӣ кардаанд.

Дар идомаи чорабини Сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят Сафарзода Зинатбӣ, низ баромад намуда афзуд, ки фарҳанги оиладорӣ ва тарбияи фарзандони хонаводаи шоҳони тоҷиктабор, ки ҳамчун намунаи беҳтарини ахлоқ ва маърифати инсонӣ шинохта шуда аст.

Ҳамчунин дар идомаи чорабинӣ оилаи Талаб Нозимов, дар назди ҳозирин доир ба роҳҳои тайнамудаи оиладории хеш ва мақоми оилаву оиладорӣ баромад намуданд.

Дар ин рӯз ба як қатор оилаҳои намунавӣ, ботаҷриба ва рӯзгордида аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои саҳми арзанда гузоштан дар тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарварию хештаншиносӣ, тарғиби риояи оинҳои миллӣ таҳкими оила , тарбияи хуби фарзандон шахсони фаъол сипоснома, раҳматнома ва ҳамчунин туҳфаҳои хотиравӣ дар вазъияти хотирмон тақдим гардид.

Дар интиҳои чорабинӣ барномаи фарҳангии бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва дигар ҳунармандон пешкаши меҳмонон гардонида шуд.

 

   Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP