Санаи  9 майи соли равон дар майдони Боғи Ғалабаи шаҳри Кӯлоб  ба ифтихори  77- солагии  Рӯзи  Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои солҳои 1941-1945 чорабинии идона бо иштироки раиси шаҳр Бахтиёр Назарзода, намояндагони мақомоти ҳифҳи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ,  собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар шахсони фаъол баргузор гардид.

 Нахуст,  аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, масъулону кормандони касбу кори гуногун ба хотири поси   қаҳрамонони ҷангу меҳнат, афсарону сарбозон ва онҳое, ки ҷони хешро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ   нисор намуданд гулчанбар гузошта, лаҳзае хотираи шаҳидони Ватанро пос доштанд.

  Чорабинии идона бахшида ба   77- солагии  Рӯзи  Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ   бо сухани муқаддимавии   раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода   ифтитоҳ гардида, собиқадорони ҷангу меҳнат ва кулли сокинонро ба ин санаи фархунда табрик намуда, иброз дошт, ки рӯзи  Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ  барои насли ҷавони имрӯза ва ояндаи кишвар дарси матонату ҷавонмардӣ буда, то абад гиромӣ дошта мешавад. Зеро он нишонаи олии ватандӯстиву фидокорӣ ва сабақи бузурги шуҷоату мардонагӣ ба хотири ҳимояи Ватан ба ҳисоб меравад. Боиси ифтихори мост, ки беш аз 300 ҳазор нафар ҷавонмардони далери Ватани мо низ дар набардҳои шадиди ҷанги дуюми ҷаҳон мардонагиву шуҷоати бемисл нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафари онҳо дар ҷанг ҳалок шудаанд. Номи нек ва корнамоиҳои онҳо дар сафҳаи таърих бо хатҳои заррин сабт гардида, ҳеҷ гоҳ хизматҳои онҳо фаромӯш намешаванд.

rais dar qalaba

   Зикр гардид, ки гиромӣ доштани хотираи таърихӣ аз Ғалаба  дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ   ва дар ин росто ҳимояи манфиатҳои ҷомеа, ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт кардани сулҳу субот, оромиву осудагӣ ва амнияти давлат ин қарзи имониву виҷдонии ҳар яки мо мебошад. Аз ин лиҳоз месазад, ки наслҳои имрӯзаро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, ободкориву созандагӣ ва сулҳпарварию башардӯстӣ тарбия намоем.

mehmonon dar qalaba

 Инчунин дар идомаи чорабинӣ Сардори қисми минтақавии Рёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб Генарал Маюр Давлатзода Раҳмон, Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати дар минтақаи Кӯлоб Исмоизода Сайдмурод ва ҳамчунин иҷрокунандаи вазифаи Раиси кумитаи кор бо ҷанговарони башардӯсти шаҳру минтақаи Кӯлоб Палковник Бахтиёр Раҳмонов   ва дигарон бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои худ дар назди ҳозирин баромад карда иброз аз он доштанд, ки сокинони сарбаланди тоҷик, ки даҳшати ҷангро ҳатто дар дохили мамлакат дидаанд, ба қадри сулҳу оромӣ мерасанд ва ҳамеша шукр аз он мекунанд, ки имрӯз дар Ватани ором ва фазои сулҳу суботи пойдор умр ба сар бурда истодаанд.

  Дар ин рӯз ба як қатор собиқадорони меҳнат ва дигар шахсони фаъол   сипоснома, ифтихорнома ва дигар   туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ гардиданд.

Дар қисмати охири чорабинӣ барномаи театрикунонидашудаи бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва дигар ҳунармандон пешкаши меҳмонон гардонида шуд.

  Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP