Ҳамдиёрони азиз!
Бо эҳсоси хушнудӣ аз истиқболи Рӯзи байналмилаллии оила, ки ҳар сол 15 май дар саросари кишвари азизамон ҷашн гирифта мешавад, Шумо ва дар шахси Шумо тамоми мардуми шарифи Кӯлобро ба ин муносибат табрику таҳният гуфта, бароятон дар кор ва зиндагии оилавиатон барору комёбиҳо орзумандам.
Дӯстони азиз!
Ба ҳамаи мову шумо маълум аст, ки оила сарчашмаи тарбияи маънавии инсон маҳсуб ёфта, маҳз аз муҳити солими он, муносибати минбаъдаи ҳар як шахс ба ҷамъият муайян мешавад. Тоҷикон аз қадимулайём фарҳанги бузурги оиладорӣ дошта, тавассути урфу одат ва суннату анъаноти худ онро ба оламиён муаррифӣ кардаанд. Фарҳанги оиладорӣ ва тарбияи фарзандони хонаводаи шоҳони тоҷиктабор, ки ҳамчун намунаи беҳтарини ахлоқ ва маърифати инсонӣ шинохта шуда аст, ҳанӯз аз дарбори шоҳ Ҷамшед манша гирифта ба сулолаи бузурги Сомониён ва то имрӯзи мо ҳамчун мерос омада расида аст.
Ин ананаи нек дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби Сарвари оқилу донои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ёфта, барои эҳёи суннатҳои бузурги оиладорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», ки ба хотири тақвият бахшидани раванди тарбия дар оила нигаронида шуда аст, гувоҳи гуфтаҳои болост. Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиларо ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеъа номида, муҳити созгор ва солимии онро омили пешрафт ва рушди ҷамъият маънидод мекунанд.
Дар баромади худ муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон нақши оиларо дар пешбурди сиёсати давлат муҳим ҳисобида, қайд карданд, ки «Тарбияи фарзанди солим, бомаърифату соҳибмаълумот, ватандӯсту ватанпараст ва бонангу номус вазифаи муҳим ва муқаддаси оила мебошад».Ҳамзамон зимни баромади дигарашон Пешвои маҳбуби миллат таъкид доштанд, ки имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар балки сиёсатмадори шинохта, олими нуқтасанҷ, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, донишманди асил, ҳимоятгари ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, деҳқони асил, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад.
Боиси тазаккур мебошад, ки имрӯз дар шаҳри Кӯлоб тибқи маълумоти оморӣ 222 ҳазору 500 нафар аҳолӣ зиндагӣ дорад, ки аз ин 110 ҳазору 400 нафари онро занон ташкил медиҳад.
Айни ҳол дар соҳаи тандурустӣ 2008 нафар , маориф 3307, фарҳанг 127 занону ҷавондухтарон фаъолияти пурсамар доранд.
Ногуфта намонад, ки имрӯз дар шаҳри Кӯлоб шумораи оилаҳои намунавӣ кам нестанд. Аз ҷумла, оилаи Талаб Нозимов, Зариф Валиев, Искандар Хоҷаев, Сайвалӣ Ёқубов, Шодӣ Холназаров ва даҳҳо оилаҳои дигарро метавон ном бурд, ки дар рушду пешрафти ҷомеа саҳми босазои хешро гузоштаанд ва ин аз сиёсати ғамхоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шумо, ҳамдиёрони азизро, ба муносибати Рӯзи байналмиллалии оила табрику таҳният гуфта, бароятон саодати рӯзгор ва хонаи ободро таманно дорам.
Саломату сарбаланд бошед!