Санаи 28 майи соли равон дар толори Қасри фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳими шаҳри Кӯлоб Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Нақши оилаҳои фарҳангӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ” баргузор гардид.
Дар Конференсияи мазкур раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, намояндаи вилояти Хатлон Ҳақназарзода Зулайхо, собиқадорони соҳаи фарҳанг ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.
Нахуст, меҳмонон аз намоиши расмҳои ҳунармандони машҳури Хатлонӣ, асбобҳои мусиқии халқӣ ва маводҳо аз ҳаёт ва фаъолияти Корманди шоистаи Тоҷикистон, собиқадори соҳаи фарҳанг Зариф Валиев, ки дар даромадгоҳи Қасри фарҳанг ба намоиш гузошта шуда буд дидан намуданд.
Сипас, Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр баромад намуда, иброз доштанд, ки дар арафаи истиқбол аз 25- солагии Ваҳдати миллӣ ва оилаҳои фарҳангие, ки дар таҳкими ваҳдати миллӣ саҳм гузоштаан қадршиносӣ намоем. Аз чунин оилаҳои фарҳангии шаҳри Кӯлоб, ки намунаи олии садоқат ба Ватан, муҳаббат ба касбу кор ва рафоқат ба ҳамдигар ҳастанд, оилаи Валӣ Зариф ва ҳамсарашон Тоҳирова Гулизор мебошанд. Қайд гардид, ки Зариф Валиев ҳамчун шахсияти баруманди кишвар ва арбоби ҳунар як умр ҳамроҳи аҳли оилааш барои рушду нумӯи фарҳанги миллӣ, муаррифии унсурҳои таърихиву ҳунарии мардуми шаҳри Кӯлоб ва тарғиби арзишҳои волои санъати халқи тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ хизмат карда истодааст.
Ҳамчунин, намояндаи вилояти Хатлон Ҳақназарзода Зулайхо суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки Зариф Валиев дар давраи фаъолияти кориаш дар рушду нумӯи фарҳанги миллати тоҷик саҳми арзанда гузошта бо тавсия, пешниҳод ва дастгириҳои вай даҳҳо нафар ҳунармандон дар собиқ вилояти Кӯлоб сазовори унвонҳои фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидаанд.
Дар идомаи чорабинӣ, ба Корманди шоистаи Тоҷикистон Зариф Валиев ва ҳамсараш Гулизор Тоҳирова барои саҳми арзанда гузоштан дар рушду нумӯи ҳунарҳои мардумӣ, эҳёи арзишҳои бостонӣ, арҷ ниҳодан ба таъриху асолати ниёгон ва хизмат ҳои арзишанд дар соҳаи фарҳангу ҳунар Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тақдим карда шуд.
Дар охир, аҳли фарҳанги шаҳри Кӯлоб барномаи омоданамудаи ҳунарии хешро ба меҳмонон пешкаш намуданд.
Бахши матбуотии МИҲД-им шаҳри Кӯлоб