Санаи 26 майи соли равон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа оид ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва дигар намояндагони касбу кори гуногун даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯги маърифат” баргузор гардид.
Пеш аз оғози озмун муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу суханронӣ карда, таманниёти роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба кулли иштирокчиён изҳор намуд, қайд гардид, ки озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯги маърифат” бо дастгирӣ ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гардида истодааст.
Сипас, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Мирализода Абдусалом Мустафо баромад намуда, ба ҳамаи иштирокчиён барору комёбиҳо таманно намуд.
Дар охир, иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯги маърифат” аз рӯи номинатсия ва тибқи номинатсия оғоз гардид.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб