Бо   мақсади   амалигардии ҳадафи чоруми старатегии кишвар- саноатикунонии босуръати мамлакат ва эълон гаштани соли 2022  “Соли рушди саноат ва роҳҳои обод”дар шаҳри Кӯлоб санаи 27 майи соли равон,  дар минтақаи саноатии “Кӯлоб”  вохӯрии раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бо роҳбарону соҳибмулкони корхонаҳои саноатӣ ва корхонаҳои сохташаванда баргузор гардид.

baroi 1

        Зимни вохӯрӣ бо саноатчиён раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр суханронӣ намуда иброз доштанд, ки бо дастгирию ғамхории бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди саноати шаҳр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина ба кор ҷалб намудан ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии шаҳри Кӯлоб тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.12.2014, №809 дар майдони 6,9 га минтақаи саноатӣ таъсис дода шуд. Таъкид, гардид, ки дар ҷавоб бо ин ҳама дастгириҳои Роҳбарияти Олии мамлакат месазад,  ки дар пешрафти шаҳри азизамон саҳми арзандаи хешро гузорем.

baroi 2

    Сипас, иҷрокунандаи вазифаи Прокурори шаҳри Кӯлоб Ғоибназарзода Атохӯҷа вобаста ба паҳлуҳои ҳуқуқии рушди соҳибкорӣ ва истифода босамар аз минтақаи саноатӣ суханронӣ намуданд.

    Дар охир ба масъулин ҷиҳати дар амал татбиқ намудани  нақшаҳои солҳои 2022-2026  “Солҳои рушди саноат”  ва беҳтар намудани корҳои сохтмонӣ дар ин самт   дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.  

 

Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP