Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи  назоратӣ таҳти раёсати   раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр доир гардид.

   Дар кори ҷаласа  муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои таълимию тиббӣ,  раисони ҷамоатҳо   ва  дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

    Нахуст,  раиси шаҳр ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба рӯзномаи маҷлис шинос намуд. Қайд намуд, ки  ҳар яки моро мебояд, ки тибқи дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои  миллат    муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохӯрӣ бо фаъолони вилояти Хатлон санаи 18 июни соли равон дар ноҳияи Данғара дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ иброз доштанд,     корро  боз ҳам ҷоннок намоем.    

  Дар ҷаласаи навбатӣ тибқи банди якуми рӯзномаи маҷлис Файзулло Абдуллоев оид ба супоришҳои қаблии раиси шаҳр ҳисобот пешниҳод намуд.  

  Сипас, аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис  ахбороти роҳбарони гуруҳи кории таъсисдодашуда ҷиҳати гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва самаранок истифода бурдании заминҳои наздиҳавлигӣ миёни сокинони деҳот ва маҳаллаҳои шаҳр  шунида шуд.

  Аз рӯи масъалаи сеюм ҳисоботи сармутахассис-ҳуқуқшиноси роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Амирҷон Гулмадов пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

  Дар идомаи ҷаласа роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба масъулин ҷиҳати ба самар расонидани кишти такрорӣ, таъминоти оби полезӣ, тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ   миёни сокинон,  инъикоси кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар телевизиону рӯзномаҳо, риоя кардани қоидаҳои зидди сӯхтор дар ғаллазорҳо,   пардохти саривақтии рухсатпулии омӯзгорон ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода, ба масъулин   дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP