Боиси зикр аст, ки санаи 8 июл ҳамчун Рӯзи маъюбон ва пиронсолон дар Тоҷикистон қайд карда мешавад. Бахшида ба ин рӯз санаи 8 юли соли 2022 дар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ба номи Мир Сайи Алии Ҳамадонӣ чорабинии бошукуҳ баргузор карда шуд.
Нахуст, иштирокчиён аз намоиши ҳунарҳои маҳсули дастии маъюбон боздид намуда, ба ҳунари волои ин табақа баҳои баланд доданд.
Сипас, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ин табақаи эҳтиёҷманди чомеаро ба муносибати ҷашнашон табрику таҳният намуда, изҳор дошт, ки таваҷҷӯҳу ғамхорӣ ба маъюбону пиронсолон, шахсони яккаву танҳо ва ба меҳрубонӣ ниёздошта дар меҳвари сиёсати хирадмандона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва ин ҳама натиҷаи сиёсати инсондӯстона аст, ки имрӯз дар тамоми муассисаҳои соҳа, аз қабили марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ва мактаб-интернатҳои шаҳр тамоми шароитҳои зарурӣ барои зиндагӣ ва кору истироҳати қишри ниёзманди ҷомеа фароҳам оварда шуда, аёдати онҳо дар арафаи иду айём ба таври мунтазам ба роҳ монда мешавад.
Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор фаъолон барои саҳми арзанда гузоштан дар тарбияи нафарони имконияташон маҳдуд бахшида ба Рӯзи маъюбон дар Тоҷикистон бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.
Дар охир барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ аз тарафи санъаткорони шинохтаи бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва маъюбони боистеъдод пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб