Санаи 8 июли соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб дар шашмоҳаи  якуми соли 2022 бо иштироки Азим Иброҳим, намояндаи Ҳукумати мамлакат, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Назарзода Бахтиёр Худоёр, раиси шаҳри Кӯлоб, Қурбонзода Амирхон, муовини раиси вилояти Хатлон ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб доир гардид.

  Нахуст, роҳбарияти  шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, дар ҷаласаи ҷамбастӣ суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки дар давраи сипаригашта  сокинони  шаҳри Кӯлоб ҷиҳати дар амал татбиқ намудани  дастуру ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баҳри расидан ба нишондиҳандаҳои назаррасу арзандаи меҳнатӣ, аз тамоми имконот самараноку оқилона истифода бурда, бо фаъолияти аҳлонаву содиқонаи худ ба раванди пешрафту тараққиёти диёри биҳиштосоямон вусъати тоза бахшида, дар шашмоҳаи   соли 2022 ба тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ  заминаҳои мусоиду устувор гузошта истодаанд.

  Сипас, дар маҷлиси васеи фаъолони шаҳри Кӯлоб оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб дар шашмоҳаи соли равон ҳисоботи муовини якуми раиси шаҳр Ташрифзода Мунаваршо, муовини   раиси шаҳр Орзу Ҳамидиён,  Асозода Манучеҳр, Сардори раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ждар шаҳри Кӯлоб, Аҳмадзода Қурбон, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб   дар назди ҳозирин шунида шуд.

Дар идомаи ҷаласаи ҷамъбастӣ, аз ҷониби баромадкунандагон қайд гардид, ки дар шашмоҳаи соли 2022 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” фаъолият намуда, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21 декабри соли 2021), дастуру супоришҳое, ки дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2022 “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022” ва машварати кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара 18 июни баён гардид, ба роҳбарӣ гирифта, дар шашмоҳаи соли 2022 ҷиҳати пешбурди иқтисодиёту иҷтимоиёт корҳои муайянро ба сомон расонида, ба нишондодҳои назаррас ноил гардидааст.

  Ҳамчунин, дар ҷараёни маҷлиси фаъолон Раиси шаҳри Кӯлоб, иҷрои саривақтии нақшаи андоз, оид ба таъмину либосҳои мактабӣ ба таълимгирандагон, ҷиҳати кишти такрорӣ ва самаранок истифода бурдани қитъаҳои замини наздиҳавалигӣ, баҳри рушди соҳаи саноат ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, ба кор андохтани корхонаҳои бозистода, таъмини босифати барқ, кишту истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ,   корҳои ободонию созандагӣ,   таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокиву полезӣ,   рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, ҷалби мутахассисони ҷавони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ба кор, пешгирии ҷудошавии оилаҳо ба масъулин дастуру супоришҳои махсус дод.

  Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP