Санаи 04 июли соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб муҳокимаи ҷамъиятӣ дар мавзӯи “Натиҷагирӣ аз иҷрои татбиқи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025” баргузор гардид.
Дар муҳокимаи мазкур раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, Файзулло Машраб Қурбоналӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдусаломзода Мунаввар- Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бобошозода Шоҳин, сармутахассиси Раёсати рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зокир Раҳмонов, мушовири маҳаллии Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Нахуст, дар ҷаласа роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр суханронӣ намуда, қайд намуд, ки Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025 тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмсон ва дар асоси банди 35-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳангоми сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб рӯзҳои 7-8 ноябри соли 2018, баён доштанд, таҳия гардида, бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020, №389 тасдиқ шудааст.
Бояд қайд намоем, ки Барномаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдаои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дастраси вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ташкилоту муассисаҳои шаҳри ҷамоатҳои деҳоти шаҳр ва як қатор ташкилотҳои байналхалӣ гардонида шудааст.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025 ҳамагӣ 225 лоиҳа ба маблағи 7 миллиарду 12,0 миллион сомониро дар бар мегирад.
Дар идома аз ҷониби масъулин ҷиҳати натиҷаҳои иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025 маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб