Санаи 18- уми августи соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба муносибати «Рӯзи табибон» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо, намояндаи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб Рустам Шарипов, кормандони соҳаи тиб ва дигар шахсони масъул  иштирок доштанд.

Нахуст, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо тамоми кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Кӯлобро ба ин муносибат  табрик намуда, қайд кард, бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири қадршиносӣ аз хизматҳои шоёни табибон соли 1995 санаи 18 август ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи идҳои давлатӣ ворид гардид.  Басо рамзист, ки 18 август устоди табибони ҷаҳон, фарзонафарзанди миллати тоҷик ва бузургтарин симои олами илму дониши башарӣ Ҳаким Абуалӣ ибни Сино ба дунё омадааст. Ин чеҳраи бузург дар давоми зиндагии хеш тавонист беш аз 450 рисолаи илмӣ нависад, ки 240 ададаш то замони мо омада расидааст. Бояд қайд намоем, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустӣ дар ватани азизамон ба маротиб рушд намуд.

Сипас, намояндаи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб Рустам Шарипов суханронӣ намуда, изҳор аз он дошт, ки боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо табибон ҳамчун пайравони асили Синои бузург рисолати касбии хешро сарбаландона иҷро намуда, баҳри ҳифзи сиҳатии ҷомеа хизмати пурсамар намуда истодаанд.

  Дар қисмати охири чорабинии мазкур ба  кормандони соҳаи тиб барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи тандурустӣ ва фаъолияти бисёрсола дар роҳи хизмат ба халқу Ватан бо Ифтихорномаи ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва нишони аълочии соҳаи тандурустӣ қадрдонӣ карда  шуданд.

Бахши матбуотии МИҲД-и Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP