Ҳозирини гиромӣ,
меҳмонон ва омӯзгорони муҳтарам!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ дар яке аз суханронихои худ бо муносибати фарорасии соли нави хониш ва Рӯзи дониш таъкид карданд, ки «Дар ҳама давру замон илмомӯзию маърифатпарварӣ яке аз омилҳои тақдирсози миллату кишварҳо дониста шудаанд. Рушди соҳаи маориф кафолати боэътимоди пешрафт ва ояндаи дурахшони ҷомеа аст”.
Ҳукумати кишвар таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибилм ва мутахассисони баландихтисосро яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии худ қарор дода, ҷиҳати инкишофи соҳаи маориф пайваста кушиш менамояд.
Дар баробари таъмини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар барои ба сатҳи талаботи замон баровардани соҳаи маориф, ислоҳоти он, гузаштан ба усулҳои муосири таълиму тарбия, таҳкими заминаҳои моддиву техники таълимгоҳҳо тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд».
Дар ҳақиқат аз ибтидои соҳибистиқлолии мамлакат давлату ҳукумат, бахусус Пешвои хиратсолори миллат ба соҳаи маориф ва таълиму тарбия диққати аввалиндараҷа медоданд ва дода истодаанд. Масалан ҳангоми ҳар як сафари кории Президенти кишвар ба шаҳри Кӯлоб ду ё се муассисаи нави таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
Айни замон сохтмони мактабҳо дар 8 мавзеъ, аз ҷумла дар шаҳр мактаби нав барои 240 хонанда дар ҳудуди мактаби №42, Ҷамоати деҳоти Кӯлоб, деҳаи Тудакавш барои 240 хонанда дар ҳудуди мактаби №49, дар деҳаи Зарбдори Ҷамоати деҳоти Зарбдор (хирмани Хатлон) барои 240 хонанда, деҳаи Панҷосиёби ҳамин ҷамоат барои 240 ҷойи нишаст дар ҳудуди мактаби №14, барои 240 хонанда дар деҳаи Бахтобод (Чоқтемури собиқ)-и Ҷамоати деҳоти Зиракӣ, мактаб барои 320 хонанда дар деҳаи Сангпари ҳамин ҷамоат ва барои 240 хонанда дар деҳаи Зиракӣ, барои 240 хонанда дар деҳаи Сариёзидашт идома доранд. Аз ин ҳисоб 6 адад дар оғози соли хониши 2023-2024 ва 2 адади дигараш (Тудакавш ва Зиракӣ) то охири сол бояд мавриди истифода қарор бигиранд.
Сохтмони 2 муассисаи томактабӣ дар маҳаллаи 8-уми шаҳр ва деҳаи Зарбдор дар ҷараёнанд.
Ҳамасола беш аз 60 фисади буҷетҳои Ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ барои нигоҳдории соҳаи маориф равона мегардад.
Қариб дар ҳар Паёми Сардори давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ дастур дода мешавад. Аз ҷумла соли ҷорӣ шуруъ аз моҳи июл маоши кормандон 20 фоиз баланд бардошта шуд.
Аз руи маълумотҳои омори соҳаи маорифи шаҳри Кӯлоб ҳоло дорои 2833 адад компютер буда ба сари 15 хонанда 1 компютер рост меоянд.
Агар ҳама ғамхориву хизматҳои давлату ҳукуматро бобати рушди соҳаи маориф номбар кардани шавем, соатҳо лозиманд. Бинобарин зарур медонам бо мисолҳои боло маҳдуд шуда, якчанд сухан дар атрофи натиҷаҳо ба ин ғамхориҳо гуфта гузарам. Натиҷаҳо бошанд бояд руирост гуем, ки чандон қаноатбахш нестанд. Масалан, соли ҷорӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аттеастатсияи ғайринавбатии директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, томактабии шаҳр гузаронида шуд. Азбаски комиссияи аттестатсиониро худи вазорат таъсис дода буд, ягон нафар имконияти таъсиррасонӣ надошт. Бинобарин бо боварӣ метавон гуфт, ки аттестатсия воқеъбинона гузаронида шудааст. Аттестатсия маълум намуд, ки директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№3, 6, 7, 9, 10, 17, 21, 26, 30, 34, 36 ва 37 ба вазифаҳои ишғолкардаашон мувофиқат намекунанд. Роҳбар пеш аз ҳам худ шахси босавод, боодоб ва қобилияти ташкилотчигӣ дошта бошад. Он гоҳ коллективро роҳбари карда метавонад. Директороне, ки ба вазифаҳои ишғолкарда номувофиқ дониста шуданд, чанд сол муассисаҳоро сарвари карданд. Аз чунин роҳбар чи гунна натиҷаҳои хубро интизор шудан мумкин аст? Вақте, ки худаш саводи кофи надорад. Саволи матраҳ ба шуъбаи маориф ин аст ки ин чӣ гунна интихоб кардан ва ҷо ба ҷо намудани кадрҳост, ки директор ба оддитарин саволҳои аъзои комиссияи аттестатсионӣ ҷавоб гуфта наметавонанд?
Мактаб танҳо дар сурате ба сатҳи баланди донишандӯзӣ ва ташаккули ахлоқу рафтори хонандагон муваффақ мегардад, ки бо падару модар ва баръакс волидайн бо мактаб робитаи доимӣ дошта бошад. Зеро хонанда ҳамагӣ 5-6 соат дар мактаб буда, вақти боқимондаи шабонаруз дар хона аст. Мутаасифона санҷиши мақомотҳои марбута маълум намуд, ки на ҳама вақт байни волидайн ва мактаб алоқаи устувор ҷой дорад. Агар чунин алоқа мебуд 4 ноболиғ даст ба ҷиноят намезад. Ҳатто як хонанда дар муассисаи №5 ба ҷинояти вазнинтарин яъне одамкушӣ карда, бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуд.
Барои оворагардии хонандагон нисбати падару модарони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №6, 10, 21, 40, 45, 49, 51, 52, 53 маводҳо таҳия ва ҷиҳати чораҷуӣ ба суди шаҳри Кӯлоб ирсол гардиданд. Магар ин айб нест?
Бо маблағи зиёд соҳибкорони шаҳр муассисаҳои томактабии хусуси сохтанд. Вале айни замон 2 муассиса, «Миҷгона» ва «Ягона» фаъолият намекунанд. Барои чӣ? Ҳол он ки шаҳр ба муассисаҳои томактаби эҳтиёҷоти калон дорад.
Аз руи баъзе маълумотҳо аксарияти директорон, ки бояд 12 соат дарс диҳанд, боре ҳам ба дарс намедароянд. Вале гуё дарс дода бошанд, маош мегиранд. Мо ин масъаларо ҳатман ба воситаи комиссияи вакилон санҷида мебароем. Дар сурати ошкор шудани ҳамин хел ҳодисаҳо нисбати чунин роҳбарон чораҳои сахттарин дида мешавад. Боз нагӯед, ки огоҳ накардем.
Ҳамин гуна маълумот ҳаст, ки дар муассисаҳои томактабӣ омори нодурусти тарбиягирандагон бурда мешавад. Яъне шумораи тарбиягирандагон ба худи теъдоди онҳо мувофиқат намекунад. Албата ин масъаларо ҳам мо ҳатман омӯхта мебароем ва натиҷагирӣ мекунем. Шояд ҳамин хел ҳолатҳо аст, ки агар ба роҳбари муассисаи томактабӣ вазифаи мудири шуъбаи маорифро пешниҳод кунӣ ҳам розӣ намешавад.
Хулоса камбудиҳо дар фаъолияти муассисаҳои таълимии шаҳр хеле ҳам зиёд ба чашм мерасанд ва бояд тамоми чораҳо андешида шаванд, ки онҳо дар соли нави хониш ислоҳ гарданд.
Боварӣ дорам, ки кормандони соҳаи маориф дар соли нави хониш бо диди нав ба кору фаъолият шуруъ карда, дар тарбияи насли наврасу ояндасози Тоҷикистони азиз ба натиҷаҳои назаррас ноил мешаванд. Зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи насли наврасро ба омӯзгорону устодон, аз он ҷумла ҳама нафароне, ки дар толор ҳузур доред, бовар карданд. Бояд тамоми саъю кӯшиши худро баҳри он равона кунед, ки ба ин боварӣ сазовор бошед.
Дар охир ба устодону омӯзгорон дар тарбияи шогирдони бомаърифат, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия барори кор мехоҳам.
Тансиҳату сарбаланд бошед.
“Мо бояд ба таълиму тарбияи фарзандонамон, рушди илму маориф, бахусус, илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ, ки асоси омода кардани мутахассисони ояндасози миллӣ мебошад, эътибори аввалиндараҷа диҳем ва нагузорем, ки дар байни ҷомеаи мо ва махсусан наврасону ҷавонон андешаҳои хурофотиву таасуб ва унсурҳои фарҳанги бегона нуфуз пайдо намоянд”.
15 августи соли 2023 дар толори қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб маҷлиси васеи кормандони соҳаи маорифи шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон Усмонов Аслиддин, намояндаи Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб Абдураҳмонзода Нуриддин, директорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, касбӣ ва миёна, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдори шаҳр, собиқадорони соҳаи маориф, намояндагони васоити ахбори омма ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Қабл аз оғози ҷаласа меҳмонон ва иштирокчиён аз намоиши китобҳо ва асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, намунаи дастурҳо ва нақшаҳои кории иттиҳодияҳои методӣ аз тарафи кормандони кабинети методии шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб, дастовардҳои Маркази дарёфти рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи шаҳр, муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дидан намуданд.
Зимни оғози машварати августии кормандони соҳаи маориф, мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Салимзода Нурулло “Оид ба фаъолият, дастовард ва мушклотҳои соҳаи маорифи шаҳр дар соли таҳсили гузашта ва вазифаҳои барои соли 2023-2024” дар назди роҳбарияти шаҳр ҳисобот дод.
Сипас, Абдураҳмонов Шералӣ-директори Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи давлатии №2-и шаҳри Кӯлоб, раиси кумитаи падару модарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №40-и шаҳр Раҳимхоҷазода Раҷабалӣ, Бобоева Меҳрангез-гирандаи медали тиллои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ аз Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Кӯлоб бо маърузаҳои пурмуҳтавои худ дар назди ҳозирин баромад карданд.
Дар идомаи кори машварати августии кормандони соҳаи маориф, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр суханронӣ намуда, қайд кард, ки маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок ба ҳисоб рафта, таҳти назари бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати Миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар давари соҳибистиқлолӣ дар ин самт дигаргуниҳои куллӣ сурат гирифтанд. Гуфта шуд, ки имрӯзҳо барои наврасону ҷавонони мо шароите фароҳам оварда шудааст, ки баҳри баланд гардидани сатҳи маънавиёти ҷомеа ва шаклгирии мафкураи ҷавонон мусоидат менамоянд. Дар ин замина таъкид гардид, ки ҳар як корманди соҳаи маорифро мебояд, ки дар иҷрои вазифаҳои ба зиммадошта дар масъулиятшинос буда, дар рушди пешравии соҳаи маорифи шаҳр саҳми муносиб гузорем.
Дар идомаи машварати корӣ намояндаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон Усмонов Аслиддин, намояндаи Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб Абдураҳмонзода Нуриддин, собиқадори соҳаи маориф Нозим Талаб, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Раҳмон Дилшод Сафарбек андешаҳои хешро оид ба пешравии фаъолияти соҳаи маориф баён намуданд.
Ҳамчунин дар ҷаласаи васеи машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳр матни лоиҳаи муроҷиатномаи иштирокчиёни машварат аз ҷониби муовини мудири кабинети методии шуъбаи маориф Таманно Одинаева шунида шуд.
Дар охир ба як қатор пешқадамони соҳои маориф, беҳтарин омӯзгорону мураббиён ва дигар кормандони соҳа, ки тайи солҳои охир дар пешрафти соҳаи маориф саҳми шоиста гузошта, дар ҳаракатҳои олимпии сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ бо дастоварҳои назаррас ноил гардиданд, инчунин беҳтарин хонандагони аълохони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон қадршиносӣ карда шуданд.
Бахши матбуотии Миҳд- шаҳри Кӯлоб
14 августи соли равон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 дар бораи баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти навбатии матбуотӣ баргузор намуд.
Нишасти матбуотӣ бо иштироки бевоситаи Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, муовинон ва роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва инчунин иштироки беш аз 43 - намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ доир гашт.
Дар оғози нишасти матбуотӣ ба хотири қурбониёни садамаи нақлиётӣ лаҳзаи хомӯшӣ эълон гардид.
Сипас, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр барои ҳамкории хубу пурсамар бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, дастгирии сиёсати давлатӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллию давлатдорӣ ва муаррифии дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2023 ба кулли рӯзноманигорон изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуд.
Баъдан, роҷеъ ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб дар нимсолаи аввали соли 2023 маълумоти мухтасар манзур гардид. Қайд гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 бармеоянд, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоришҳои раиси вилояти Хатлон дар 6 моҳи соли ҷорӣ корҳои муайянро ба анҷом расонида, дар натиҷа аксарияти нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ оид ба масъалаҳои мухталифи иҷтимоию иқтисодӣ, кишоварзию рушди саноат, маорифу тандурустӣ, нақлиёт ва роҳҳои шаҳрӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда вобаста ба масъалаҳои мазкур аз ҷониби намояндагони васоити ахбори омма суолҳо пешниҳод гардида раиси шаҳри Кӯлоб ба суолҳои намояндагони васоити ахбори омма посухҳои мушаххас гардониданд.
Дар охир нишасти матбуотӣ дар фазои самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда ба анҷом расид.
Бахши матбуотии Миҳд- шаҳри Кӯлоб
Боиси зикр аст, ки ҳамасола дар саросари кишварамон 10-август ҳамчун рӯзи варзишгарони Тоҷикистон бо тантана таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин муносибат санаи 10 август дар Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб чорабинии тантанавӣ бо иштироки муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб Нозимов Абдулло ва дигар меҳмонону собиқадорони соҳа баргузор гардид.
Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳомидиён Орзу дар назди ҳозирин баромад намуда,тамоми варзишгарон, собиқадорону мураббиён ва кормандони соҳаи варзишро ба фарорасии Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон табрик намуд.
Қайд гардид, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол варзиш новобаста аз синну сол ва мавқеи иҷтимоии шаҳрвандон оммавӣ гардида, ҳамчун қосиди сулҳ, рамзи дӯстиву рафоқат ва шарафу эътибори миллат шинохта шудааст! Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Варзиш омили тавонои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории халқу давлатҳо мебошад. Миллати тоҷик ҳанӯз дар замонҳои қадим бо ойинҳои ҷавонмардиву паҳлавонӣ маъруф буд.
Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор собиқадорону мураббиён, кормандони соҳаи варзиш ва инчунин варзишгарони боистеъдоди шаҳр бахшида ба рӯзи варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи варзиш ва муаррифӣ намудани диёри азизамон дар сатҳи ҷумҳуриявию байналмиллалӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравиии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ карда шуданд.