Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб вохӯрии раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бо гурӯҳҳои корӣ доир гардид.
Зимни баромад роҳбарияти шаҳри Кӯлоб аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар баромад намуда таъкид доштанд, ки дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, барномаҳо ва консепсияҳо дар самти кор бо занон ба тасвиб расидааст, ки ин аз сиёсати бобарору мувафақонаи роҳбари давлатамон ба ҳисоб меравад.
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳҳои корӣ, ки аз ҳисоби занону бонувони фаъол, хизматчиёни давлатӣ, омӯзгорон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат мебошад, ки мақсаду ҳадафашон ин пеш аз ҳама бо мардум аз наздик шинос шудан ва корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ҷиҳати иҷроиши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон " ва тарғибу ташвиқи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, фарҳангӣ оиладорӣ, тарғиби либоси миллӣ, муошират ва дигар масъалаҳои марбут ба занону бонувон дар тамоми ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб марказҳои савдо, кӯчаву маҳаллаҳо ва тариқи усули хона ба хона ба роҳ монда шудааст.
Ҳамчунин, роҳбарияти шаҳри Кӯлоб зимни суханронии худ иброз намуд, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ҳамеша барои татбиқ намудани сиёсати кадрӣ аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд таваҷҷӯҳи беандозаи худро равона карда истодаанд ва дар ҷавоби ин ҳама ғамхориҳо бояд мо пеш аз ҳама дар таълиму тарбияи фарзандон бо масъулият бошем.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки зимни вохӯриҳо бо занону ҷавондухтарон корҳои тарғиботиро бештар намуда, вобаста ба фарҳанги либоспӯшӣ, аз ҷумла чакан ва атлас, ки имрӯз бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони миллали муттаҳид ба рӯйхати мероси ғайримоддӣ пазируфта шуд ва бояд ҳар як духтари тоҷик ин либосро ба бар кунад ва барои духтани он аз модарону чеварон истифода баранд.
Агар аз як ҷиҳат духти либосро аз худ намоянд, аз ҷиҳати дигар таҳаммулу зебоипарастии ҳар як ҷавондухтарон нисбати Ватан, модар ва ояндаи худ равшан менамояд. Пас вазифаи аҳли ҷомеа дуруст дарк кардан ва ба мардум фаҳмонидани моҳияти ҳамин масъалаҳо мебошад.
Дар интиҳо, масъулин ҷиҳати тамоми он дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Гурӯҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид доштанд, ки мо бонувон ҳамеша татбиқкунандаи сиёсати созандаву бунёдкорона ва роҳнамунсози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастем ва хоҳем монд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб