Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи ғайринақшавии Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб доир гардид, ки дар он раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, аъзоёни комиссия, инчунин муовини якуми Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Латифзода Ҳотамшо, сардори Гурӯҳи фаврии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон Зафар Нуралиев ва муовини якуми сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон полковник Њалимзода Миралӣ ва дигар масъулон ширкат намуданд.
Зимни ҷаласаи мазкур раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр баромад намуда, изҳор доштанд тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва нақшачорабиниҳои Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва тоза намудани сангу шағал аз сойҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб, ба ин васила пешгирӣ намудани офатҳои табиӣ мебошад. Ҳамзамон таъкид намуданд, ки тибқи Амри раиси шаҳри Кӯлоб аз 29 апрели соли 2024, №88 “Дар бораи ташкил ва гузаронидани машқи ғайринақшавӣ бо ҷалби қувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ба тавсиб расидааст, ки то имрӯз масъулин ҷиҳати пешгирӣ намудани офатҳои табиӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта корҳои назаррасро анҷом доданд. Вале ин моро қаноатманд карда наметавонад ва мо боз масъулияти худро дар самти пешгирӣ аз офатҳои табиӣ дар ҷойҳои хавфноктарини шаҳру деҳоти Кӯлоб равона менамоем.
Дар идома муовини якуми Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Латифзода Ҳотамшо баромад намуда, ҷиҳати корбариву коргузории Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар самти роҳандозӣ намудани Комиссияи доимамалкунанда ва сафарбар намудани техникаҳои лозима ва ҳашарҳои дастаҷамъона барои пешгирии офатҳои табиӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, афзуд, ки тибқи дастуру супоришҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҷойҳои муқарраргардида то санаи 12 майи соли 2024 идома меёбад.
Дар робита ба ин, ба тамоми ташкилотҳои шаҳриву минтақавӣ ҷиҳати анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо ҷалби техникаҳо ва ҳашарҳои дастаҷамъона дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ёдовар мешавем, ки масъулин низ пеш аз ҳама вазифадор карда мешаванд, ки дар корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, тоза кардани маҷрои каналҳо, селпартовҳо, сойҳо, заҳбуру заҳкашҳо, хобонидани тахтасангҳои оҳану бетонӣ ва кашонидани партовҳо камари ҳиммат баста, масъулияти баланд нишон диҳанд.
Дар идома муовини якуми сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон полковник Њалимзода Миралӣ баромад намуда, бо изҳори боварию эътимод ба Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати саривақт баргузор намудани ҷаласаҳои комиссия, ҳамзамон мунтазам гузаронидани ҳашарҳои дастаҷамъона ва ба ин васила тоза намудани сойҳои болозикр бо ҷалби қувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии шаҳри Кӯлоб баҳои баланд дода, ба раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои саҳми арзанда гузоштан дар самти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва иштироки фаъолона дар пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода бо Ифтихорномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи грждании вилояти Хатлон дар вазъияти тантанавӣ сарфароз гардонида шуд. Ҳамзамон, бо ҳамин мазмун ба роҳбарони корхонаҳои МД “Беҳдошти замин ва обёрии шаҳр” ва МД “Обу конализатсияи шаҳр” бо Ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Дар интиҳои ҷаласаи мазкур Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо боварию эътимоди баланд ва қадрдонӣ намудан изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки мо ҳама вақт ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид омода ҳастем ва бо як масъулияти баланди ватандӯстона содиқонаву софдилона вазифаҳои ба зимма доштаамонро иҷро менамоем.
Изҳори сипоси худ ва тамоми сокинони шаҳри Кӯлобро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷиҳати дастгириҳои ҳамешагӣ алалхусус дар самти пешгирии офатҳои табиӣ расониданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб